Фурӯғи пирӣ

Писарҳоям, чаро аз хона рафтед,
Ба байни мардуми бегона рафтед?!
Агар н-оед аз нав Тоҷикистон,
Шавед аз карда рӯзе худ пушаймон.
ДАР ВАСФИ ВАТАН
Давр дигар шуд, Ватан зайли дигар гардидаӣ,
Чун баҳори доимӣ бар чашми сар гардидаӣ.
Буд то ҳафтод сол номи накӯят пардапӯш,
Ин замон шоён ба кулли баҳру бар гардидаӣ.
Сад карат боло зи қасри подшоҳони қадим
Соҳиби масҷиду қасру бому дар гардидаӣ.
Душмани миллат замоне кард барпо шӯру шар,
Шукри истиқлол, ки бе шӯру шар гардидаӣ.
Як диёри сайргоҳи одамон андар ҷаҳон
Ту ба зери шӯълаи шамсу қамар гардидаӣ.
Бар тамоми кишварон, бар дидаи халқи ҷаҳон
Хушнамо чун ахтари субҳи саҳар гардидаӣ.
ДАЪВАТИ ВАТАН- МОДАР
Бо забони ҳол мегӯяд, Ватан,-
Дон ҷавонмардо, туӣ фарзанди ман.
Дида бикшодӣ, бидидӣ рӯи ман,
Ташна монда, хӯрдӣ оби ҷӯи ман.
Гашти ҳаждаҳсола марди паҳлавон,
Муттакое бош бар ҳар нотавон.
Модаре дар тифлӣ бар ту дод шир,
Ҷонфидоёна ту дасташро бигир.
Гар зи ту розӣ падар-модар шавад,
Дон, ки розӣ Ҳаққу пайғамбар шавад.
Аз ту дорам ман умеду боварӣ,
Чун тану ҷонат маро мепарварӣ.
Посбон шав боғзорони маро,
Посбон шав кӯҳсорони маро.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё