Фурӯғи пирӣ

Бар шумо бахшад Худо умри дароз,
Ман муборак мекунам иди шумо.
БА РӮЗИ ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ
Пир гаштиву диле чун навҷавон дорӣ падар,
Обрӯ байни ҳама хурду калон дорӣ падар.
Ҷону тан аз худ нагуфтӣ, зарба бар душман задӣ,
Бар вуҷудат захми тири душманон дорӣ падар.
Гашта будӣ сар ба сар бо лашкари гургу паланг,
Номи некӯ ҳамчу Рустам-паҳлавон дорӣ падар.
То ки одам ҳаст, обод аст ин рӯи замин,
Номи зинда сурати ҳар қаҳрамон дорӣ падар.
Фахр месозам зи ту бинам, ки ту дар пеши бар
Бар ба бар часпондагӣ чандин нишон дорӣ падар.
Баҳри ҳифзи мулки худ ҷонбозиҳое кардаӣ,
Номи зинда андар олам ҷовидон дорӣ падар.
КОРИ ДУНЁ
Дорем зиндагонӣ
Дар ҳар канори дунё,
То зиндаем, ҳастем
Ошиқи зори дунё.
Меҳру муҳаббати мо
Бошад гаҳе ба гулшан,
Гоҳе барад зи мо дил
Гулҳои хори дунё.
Афсӯс, умри одам
Кӯтоҳ гардад охир,
Ҳар сол давр гардад
Фасли баҳори дунё.
Аз баҳри ризқу рӯзӣ
Ҳар сӯ ба ҷустуҷӯем,
Озод мо намонем
Аз гирудори дунё.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё