Зеҳн
Таронаҳои дарё

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ХАЗОН ҲАРГИЗ НАБИНАД

Баланд аст аз ҳама номи муаллим,
Бинӯшем об аз ҷоми муаллим .

Хазон ҳаргиз набинад рӯзгораш
Ҳаме ширин шавад коми муаллим.

Зи илму маърифат ӯ баҳравар кард,
Касе ояд сари шоми муаллим.

Ҳама панду насиҳат кору бораш,
Зи аввал то ба анҷоми муаллим.

Чунон меҳраш ба сина ҷо гирифта,
Ҳамеша дар забон номи муаллим.

Баландӣ дар ҷаҳон дигар набошад,
Расад то Каҳкашон боми муаллим.

Басо ӯ хомҳоро пухта карда,
Ҳамеша пухтадон хоми муалллим.

Ба дида хоки пояш сурма созем,
Ба ҷо орем икроми муаллим.

МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ
ШАМСИДДИН ШОҲИН

Ман ба дар кардаам аз сар ҳама расвоиро,
Дур кардам зи барам дилбари ҳарҷоиро
Бари худ мекашам он хосаи шайдоиро,
«Ман ки дар пойи ту кардам сари савдоиро,
Бохтам дар сари савдои ту муллоиро»

Ту ба ботин бингар, ҳеҷ мабин зоҳири ман,
Туӣ, эй моҳҷабин, ҳамдами ман, шотири ман.
Ишқи ту ҳаст ҳаме дар ду ҷаҳон фохири ман,
«Бурд завқи лаби ширини ту аз хотири ман,
Фикри дарсу тамаи лаълии ҳалвоиро»

Раҳм кун бар мани ошиқ, ту бикун роз ки ман,
Дилтапак ҳамчу кабӯтар шуда ҳамсоз, ки ман,
Ба дари Арш кашам пардаи овоз, ки ман,
«Дамаке аз рухи худ парда барандоз, ки ман,
Аз рухат об диҳам чашми тамошоиро»

Булбулу боғ ба шаккардаҳанӣ машҳур аст,
Ҳофизам низ ба ширинсуханӣ машҳур аст,
Нафаси ёр ба ширинчаманӣ машҳур аст,
«Табъи Шоҳин, ба ширинсуханӣ машҳур аст,
Ҳама аз лаъли ту омӯхт шакархоиро.

пешина
аз 39
навбатӣ