Таронаҳои дарё

ЁРИ РАМИДАИ МАН
Хуш омадӣ, ку биншин ёри рамидаи ман,
Ҷои ту бошад, эй ҷон, болои дидаи ман.
Рафтӣ ту аз канорам беҳолу бемадорам,
К-аз дил ба дида омад хуни дамидаи ман.
Ноошноӣ кардӣ, аз мо ҷудоӣ кардӣ,
Бингар ба ҳоли зорам, ранги паридаи ман.
Гар дарди дил бигӯям олам ҳама бисӯзад,
Бар ҳеҷ кас нагӯед ҳарфи шунидаи ман.
Дурии васлат , эй ҷон, моро чи пир карда,
Ин шуд гувоҳи ҳолам қадди хамидаи ман.
Ҷуз меҳри ту ба сина ишқи дигар нағунҷад,
Биншин даме канорам, эй нури дидаи манн
Сад ноз ишва дорӣ , ваҳ чӣ карашма дорӣ,
Ту нозу мекунӣ ноз, кокулбуридаи ман,
То кай зи ғам бисӯзад бечора ин Шарифӣ,
Шав марҳами дили ман, ёри рамидаи ман.
БОДОМ ГУЛ КАРДУ
Бодом гул карду шукуфт, гул карда бодомо, салом,
Он ёри хушномам расид, эй ёри хушномо, салом.
Аз бода сармастӣ кунем, сармастии ҳастӣ кунем,
Эй соғари минои хуш, эй бодаву ҷомо, салом.
Он дилбари раъно гузашт, он моҳи навпайдо гузашт,
Бигрифта шаҳд аз коми ӯ, чун ёри хушкомо, салом.
Оғози ишқи ман туӣ, парвози ишқи ман туӣ,
Ин аввалу ин охиру оғозу анҷомо, салом.
Маст аз майи ангур ман, дилхастаю ранҷур ман,
Ҳам боданӯшу бодадеҳ, ҳам хосу ҳам омо, салом.
Гаҳ субҳ бо ту хуш бувад, гоҳ шом бо ту хуш бувад,
Ваҳ-ваҳ дилангез аст ин, ҳам субҳу ҳам шомо салом.
Ман омадам дар хонаат то бишнавам афсонаат.
Аз хонаю даҳлези ту, то равзану бомо, салом.
Мурғи дилам побанди ту, аз ҳилаю аз фанди ту,
Бо ошиқи дилхаста гӯ, эй мурғи дар домо, салом.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё