Зеҳн
Таронаҳои дарё

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

РАФТӢ
(Ба ёди Қиматшоҳ Шоискандаров)

Сари шаб то ба саҳар дар ёдат,
Ин дили ғамзадаам гирёнаст.
Чун бирафтӣ ту ба сарманзили дур,
Аҳли дил аз пайи ту нолон аст.

Рафтӣ ночида гули уммедат,
Пас бичинанд варо фарзандон.
Ҳар ки некӣ бикунад дар олам,
Дӯст доранд варо аз дилу ҷон.

Рафтӣ, эй булбули хушхони чаман,
Шуд суруди дили ман беоҳанг.
Ку дигар мутриби ширинангушт,
То ки пуршӯр навозад наю чанг.

Ваҳ, чӣ мероси гаронат монда,
Ёдгорӣ ба ҳама давру замон.
Санъати халқи Бадахшони маро
Кард оҳанги ту зеби даврон.

ЁДАМ КУНЕД
( Ба ёди Хуррам Боқиев)

Ман ғариби рафтаам дур аз Ватан, ёдам кунед,
Булбули саргаштаам андар чаман, ёдам кунед.

Гар ба базми шод биншинед ҳамдастони дил,
Ҳамдиёрон, ҳам гудозон дар сухан ёдам кунед.

Хуфтаам дар хоки тира ин манам, Хуррам манам.
Ай азизон, дар дили хоки Ватан ёдам кунед.

Лаҳзае ман бе шумо не обу ноне хӯрдаам,
Ҳамдилон, эй ҳамдилон, эй марду зан, ёдам кунед.

Тири ноҳақ хӯрдаму гашта ҷавониам хазон,
Эй ҷавонони Аҷам, хунинкафан ёдам кунед.

Сарварон будему ноҳақ сар ба доре бурдаем,
Мурғи рӯҳам дар Ватан шуд болзан, ёдам кунед.

Во дареғо, во дареғ, умри ман серӯза буд,
Ҳам ба бедорию ҳам вақти васан ёдам кунед.

Ҳар баҳорен ҳамчу гул ҳаргиз намерӯям дигар,
Ҳам ба боғу ҳам ба гулшан, дар чаман ёдам кунед.

Зиндаам ман бо шумо дар ҳар насими субҳгоҳ,
Ҳамчу як гулгункафан андар заман ёдам кунед.

пешина
аз 39
навбатӣ