Таронаҳои дарё

ПАРАСТУҲО
Ало, эй ёлаҳои сабзи деҳа,
Ало, эй чашмаҳои софу беғаш.
Ало, эй рӯдҳои шӯху сармаст,
Ало, эй кӯҳсори хуби дилкаш.
Нишон аз кӯдиаки хеш ҷӯям,
Ҳамон гоҳе равам бар кӯҳсорон.
Навои булбулон ояд ба гӯшам
Баҳорон аз канори чашмазорон.
Парастуҳо ба парвозанд ҳар сӯ,
Кунанд андар фазо мастию бозӣ.
Ба ёд орем даври кӯдакиро,
Ки мекардам мо ҳам «хонасозӣ»
Парастуҳо зи деҳ берун нагардед,
Зи нав бинам замони кӯдакиро.
Ва дар шаббода хонам бар шумоён,
Ғазалҳои равони Рӯдакиро.
АФСӮС, АФСӮС
(Манзума ба хотири неки Иброҳим Исмоилов)
Афсӯс ки аз ҷаҳон пурармон рафтӣ,
Аз дасти замона тӯи зиндон рафтӣ.
Бо тӯҳмати ноҳақ, зи диёрат бурданд,
Чун «душмани халқ» бар мазорат бурданд.
Афсӯс ки буд чашми дунё баста ,
Бурданд ба зӯр дасти ту барбаста
Афсӯс чу гулрухон кафанпӯш шудӣ,
Бар хоки сияҳ фитода хомӯш шудӣ.
Ҳайфо ки раҳи баҳори ту охир шуд,
Дунё ба сари ту чун сияҳчодир шуд,
Афсӯси хазонии ту, эй Иброҳим
Аз марги ҷавонии ту, эй Иброҳим.
Дар гӯшаи боғ будӣ як навданиҳол,
Мехӯрда зи ҷӯи зиндагӣ оби ҳалол.
Шом омаду шом омаду шом омаду шом,
Афсӯс ки дар ҷавонӣ гаштӣ бадном.
Аз макру ҳиял замона доме андохт,
Афтод чу ту мур ғаки доно, дар дом.
Айёми навин умри наве дод ба ту,
Дарвозаи бахти тоза бикшод ба ту.
Номи ту зи нав зинда бишуд Иброҳим,
Меҳри ту бо қалбҳо бимонад доим.
Умри ту давоми умри мардум гардад,
Он киштаи ту сабз чу гандум гардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё