Таронаҳои дарё

ЁФТАМ
Дил бидодам, дил рабудам, боз дилбар ёфтам,
Хештанро ҳамрадифи моҳу ахтар ёфтам.
Дилситони ин замон оини виҷдони ман аст,
Дилситонеро ба худ як дам баробар ёфтам.
Киштии умрам ба соҳил мерасад як субҳдам,
Бахтро ман дар ҷаҳон бе молу бе зар ёфтам.
Нест дар дунё бузурге ғайри меҳри модарӣ,
Меҳр дар чашму дилам аз меҳри модар ёфтам.
Гармии дил ёфтам аз гармии дидори дӯст,
Равшанӣ бар дидаам аз нури Ховар ёфтам.
МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ
ҲАЙРАТ ШАНБЕЗОДА
Ман дар бари ин кӯҳ ба суҷудам, ки бахайр аст,
Меҳри ту фитода ба вуҷудам, ки ба хайр аст,
Бар маҳваши худ хонда сурудам, ки ба хайр аст,
«Ман дар пайи ин буду набудам, ки ба хайр аст.
Донандаи асрори вуҷудам, ки ба хайр аст».
Дил бурда зи ман субҳгаҳон боз нигоре,
Ҳоло ба дилам нест на сабреву қароре,
Бо ёди ту саргашта шудам ман ба диёре.
«Ту тоири гумкарда пару бол баҳоре,
Раҳзан шуда боли ту рабудам, ки ба хайр аст».
Дар боғи дилам ҳеҷ дигар ғайри ту гул нест,
Хушнағматар аз сози ту овози дуҳул нест,
Моро ки ба сарманзили ту роҳи қабулест,
«Ин боғи пур аз сабза чарогоҳи муғул нест,
Девори ҳамин боғи кабудам, ки ба хайр аст».
Ин нуктаи хушранг, навиштам, зи китоб аст,
Ин нолаи ҷонсӯзу дилангези рубоб аст,
Аз ҳаҷри ман сӯхтаам, сина кабоб аст,
«Дар шеъри дарӣ ҳиммати мардона савоб аст,
Қабре на дар ин пушта фузудам, ки ба хайр аст».
Дорам ба лабам хандаю дар сина дусад оҳ,
Аз дард кунам нола саҳар то дам бегоҳ,
Ғайри ту набошад касе аз дарди ман огоҳ,
«Бо синаи гарму дили нарму сари худхоҳ,
Ҳар бешаи сабзи ту сутудам, ки ба хайр аст».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё