Зеҳн
Таронаҳои дарё

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

АЗ БАДАХШОН ОМАДЕМ

Аз баландиҳо ба поён омадем,
Аз миёни қӯҳсорон омадем,

Бо навои чангу тори дилпазир,
Аз Вахону ҳам зи Ғорон омадем,

Омадему дидани дидори дӯст,
Аз Бадахшон, то Бадахшон омадем.

Аз бари он чашмаҳои оби соф,
Бо навои обшорон омадем,

Бозбинӣ чеҳраи пурнури дӯст,
Бо паёми дӯстдорон омадем,

Савти «Даргилику», «Лайлиак» шунав,
Бо суруди чашмасорон омадем,

Ҷашн дорем, иди истиқлоли хеш,
Мо ба тӯйи Тоҷикистон омадем,

Зодаи кӯҳему –кӯҳистонием,
Аз диёри ганҷдорон омадем,

Парчами мо бод доим парфишон,
Ҷашнро мо шеъргӯён омадем.

Васфи майҳан гӯ, Шарифӣ бо ғазал,
Бо дили шодон ғазалхон омадем.

САВТУ СУРУДИ ЁРОН

Гулҳо бигашта хандон андар чаман биёед,
Баҳри висоли нози гулпираҳан биёед.

Райҳон шукуфта дар боғ, лола бигашта пурдоғ,
Аз баҳри дилхушиҳо сӯи суман биёед.

Боғу баҳори маро булбул бидиду хуш хонд,
Дар мавсими баҳорон, андар Хутан биёед.

Монанди оби дарё андар шитоб умр аст,
Эй рафтагони ин мулк сӯи Ватан биёбед,

Ҷуз меҳри Тоҷикистон, ишқе ба дил нағунҷад,
Гар шодмона ҷӯед андар меҳан биёед.

Имсол Тоҷикистон, ҷашну сурур дорад,
Дар базму шодии мо ғулғулфикан биёед,

Дар базми гул нишинед, андӯҳ зи дил бароред,
Шодӣ кунед бо ҳам, эй марду зан биёед.

Бар гӯш мерасад хуш, савту суруди ёрон,
Дар базму шодии мо танбур зан биёед.

пешина
аз 39
навбатӣ