Таронаҳои дарё

Зи хаҷри рӯйи туаш дил ба доғ Шарифӣ,
Туро биҷӯяду андар суроғ Шарифӣ ,
Ба саҳни гулшану ҳам сӯйи боғ Шарифӣ ,
Сияҳҷомае монанди зоғ Шарифӣ ,
Ту аввалину ҳам охирин нигори ман ҳастӣ.
МЕСӮЗАМ АЗ ҶАФОИ ТУ
Хун мехӯрам зи васли бутон дам намезанам,
Фарёду шеване ба ду олам намезанам.
Бас ҷабрҳо бидидам аз ҳамгинони хеш,
Бори гуноҳи хеш ба одам намезанам.
Бисёр, ғам бидидаам дар зери нӯҳ фалак,
Таблу сурур дар шаби мотам намезанам.
Дасти сахо ҳамеша кушоям ба нотавон,
Дар кори хайр лоф ба Ҳотам намезанам.
Ҳар қавмро ба даҳр Худо халқ кардааст,
Дар рӯи даҳр ҳеҷ касе кам намезанам.
Месӯзам аз ҷафои бутон рӯзу шаб, вале,
Аз ҳоли хеш назди касе дам намезанам.
Аслу насаб марост зи авлоди орифон,
Дар пеши нокасон сари худ хам намезанам.
ВАТАН
Ту давои дарди моӣ, эй Ватан
Аз ту кай бошад ҷудоӣ, эй Ватан
Ҳамчу модар мушфиқию меҳрубон,
Баҳри мо ту раҳнамоӣ, эй Ватан.
Ҷон диҳам дар ҳифзи истиқлоли ту,
Кай кунам ман худнамоӣ, эй Ватан
Кай шавам ранҷур андар доманат,
Баҳри ранҷурон шифоӣ, эй Ватан.
Тоҷикистон, кишвари сарсабзи ман,
Ваҳ чӣ хушбоду ҳавоӣ , эй Ватан
Мо тавону зӯр аз ту ёфтем,
Пуштибони бенавоӣ, эй Ватан.
Мешавам шармандаи рӯйи ҷаҳон
Гар бигирам бевафоӣ, эй Ватан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё