Таронаҳои дарё

ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон кишвари озоду одоби ман аст,
Тоҷикистон маскани аҷдоду авлоди ман аст.
Фахр дорам бо чунин зебо Ватан дар рӯй даҳр,
Тоҷикистон раҳнамою хатти иршоди ман аст.
Ман ба Хатлону Зарафшону Бадахшон зиндаам,
Бо Бадахшон фахр дорам, мулки ободи ман аст.
Кӯр бодо чашми душман аз рухи зебо Ватан,
Ҷон ба ҳифзаш медиҳам, ӯ тахту бунёди ман аст,
Шукри Истиқлол гӯям шукри ободии мулк,
Дар канораш шоду хуррам халқи дилшоди ман аст.
Гаштааст обод инак марзу буми ин Ватан,
Васфи ӯро месароям баҳри эҷоди ман аст.
Тоҷикистон, гулшанӣ доимбаҳорам шод бош!
Раҳбари ту сулҳпарвар фахри аҷдоди ман аст.
ЭЙ МАҲИ ҒОРОН
Эй маҳи дилҷӯи Ғорон шод бош,
Дилбари хушрӯи Ғорон шод бош,
Ҳар ду абрӯят ба ҳам пайвастаст,
Эй камонабрӯи Ғорон шод бош.
Дар бари кӯҳ лолаҳо ранги ба ранг,
Баҳри ман хулбӯи Ғорон шод бош.
Нест монандат гули хушрангу бӯ,
Дилбари хушбӯи Ғорон шод бош.
Шуд Шарифӣ аз ғами ту дилфигор,
Маҳваши хушрӯи Ғорон шод бош.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё