Сафои дил

Гули савсан, гули ёсам туӣ, ту,
Ҳама ёқуту алмосам туӣ, ту.
Надидам дар ҷаҳон мисли ту дилбар,
Чаро ки маҳрами розам туӣ, ту.
Агар оғӯши гарми ту намебуд,
Агар бӯсу канори ту намешуд.
Кӣ мехурд ин ғами танҳоиямро,
Кӣ берун менамуд аз синаам дуд?!
Қади боло аҷаб дорӣ, гули ман,
Ва холе зери лаб дорӣ, гули ман.
Зи нози мижжаҳои туҳувайдост,
Ҷамоли ҷонталаб дорӣ, гули ман.
Замину осмони ман туӣ, ту,
Ниҳоли гулфишони ман туӣ, ту.
Туӣ ҷон соати девори қалбам,
Замони ҷон ба ҷони ман туӣ, ту.
Нигоҳат масту мадҳушам намуда,
Садоят гунгу хомӯшам намуда.
Самовӣ шуд кунун мурғи хаёлам,
Ки оғӯши ту оғӯшам намуда.
Ду чашмат мисли ангури сиё буд,
Туро қанди лабон доди Худо буд.
Дигар дӯкони қаннодон чӣ ҷӯям?
Дукони дил бихоҳам, ки чиҳо буд.
Биё, ки дафтари шеърам ту бошӣ,
Ҳама рози маро маҳрам ту бошӣ.
Маро афсуни ишқат шеър омӯхт,
Биё, ки мисраи меҳрам ту бошӣ.
Дубайтиҳои ман чун гулчароғанд,
Дубайтиҳои ман дар кӯҳу роғанд.
Дубайтиҳои ман чун бӯса ширин,
Дубайтиҳои ман пургул чу боғанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё