Зеҳн
Сафои дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 51 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

РОДМАРДИ МЕҲАН

Эҳдо ба устод Нодир Одилов

Мислаш надидам нодире,
Дар сабр чун ӯ собире.
Чун ӯ кабиру беназир,
Мислаш надидам қодире.
Мислаш надидам зоире,
Ҳаҷкардаеву моҳире.

Сеҳри сухан шевои ӯст,
Нуқли сухан ҳалвои ӯст.
Қадри сухан даъвои ӯст ,
Пайдову нопайдои ӯст.
Аҳли сухан шайдои ӯ.
Дилдодаи савдои ӯ.

Чун ӯ надидам одиле,
Бал ёри одилтар аз ӯ.
Мислаш надидам фозиле,
Дар фазл фозилтар аз ӯ.
Чун ӯ надидам оқиле,
Дар ақл оқилтар аз ӯ.
Чун ӯ надидам муқбиле,
Дар илм ноилтар аз ӯ.
Ӯ ҳамдами соҳибдил аст,
Ӯ ошиқ асту бедил аст.
Чун ӯ маҷӯ дар ҳеҷ бурҷ,
Ӯ бал равон андар тан аст.

Ӯ махзани илму фан аст,
Дар маърифат як гулшан аст.
Дар гӯшаи меҳроби дил,
Як чилчароғи равшан аст.
Дар қуллаи кӯҳи хирад,
Аз сӯзи дил як гулхан аст.
Ӯ родмарди Меҳан аст.
БАРОИ ТОҶИКИСТОН

Барои хотири ҷамъи азизон,
Барои пешрафти Суғду Хатлон,
Барои рушди Раштону Бадахшон,
Барои водии Вахшу Зарафшон,
Барои иттиҳоди Тоҷикистон.
Ҳама дасте ба даст оему дилҳоро ба ҳам созем,
Аз ин хоки биҳиштосову мардони Ватан нозем.
Ҳама дар ҷумлагӣ шукронагӯи ин Ватан бошем,
Агар баҳри дифояш лозим ояд ҷону тан бозем.
Ҳама фарёдрас бошему дар ободиаш мо низ,
Ҳама баҳри дифои ин Ватан дар ҳукми сарбозем.
Биё. эй ҳамватан мо зӯру бозӯи Ватан бошем,
Биё, олам шунав моро, ки мо ҳам мушти шаҳбозем.
Биё, дар оташи ишқи Ватан якҷоя месӯзем,
Биё, ҳарду ҷаҳон донад, ки анбозем.
Барои ҳамдилӣ ҷӯстан нашояд гирди гардун гашт,
Фақат як дилнавозӣ бас, ки боз орад ҳамовозӣ.

пешина
аз 51
навбатӣ