Зеҳн
Сафои дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 51 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Қисмате аз илму дониш бехабар
Куртаи фарзанди ирфон медаранд.
Чунки шоир ҳақталош андарзамир
Дар ҷаҳони ташнамир.
Шоирам ман,
Барги шеъри ман ҳаме сабз аст мисли навбаҳор,
Меваи шеърам барои чошнӣ дар даст нест.
Шеъри ман бӯи садоқат мекунад,
Ошиқони хастадилро ӯ табобат мекунад.
Дардманди ишқро гоҳе шафоат мекунад.
Шеъри ман бӯи вафову ишқ дорад.
Чошнӣ гиред аз он.
Ишқи шеъри ман асил аст,
Оҳу фарёди дил аст.
САДОИ ОҲАНГИ МАНӢ

Эй мулки Хутал, диёри шоирхезам,
Дар ҳар қадами роҳи ту дил мерезам.
Савганд ба номи покат, эй кӯҳи намак,
Бо ёди ту аз хоби саҳар мехезам.

Кӯлоби куҳан марди сазовори туям,
Дар роҳи вафо ба нангу бо ори туям,
Гар нохалафе ба сӯи ту санг занад,
Ман сина сипар карда тарафдори туям.

Кӯлоби куҳан ори ману нанги манӣ.
Дар олами дил диёри хушрангу манӣ.
Ту мулки сахову хайру шеъру суханӣ,
Ту савти хушу садои оҳанги манӣ.

Номи туву шуҳрати ту дар ёди ман аст.
Аз хуни ту дар замирам эҷоди ман аст.
Аз нақлу ривояти падар медонам,
Ин мулки куҳан шукӯҳи авлоди ман аст.

Ҳар хори Ватан ба ёди ту гул карда,
Саҳрову чаман чаҳ-чаҳи булбул карда,
Хуш модари он маҳал, ки зояд шоир,
Бо дасти ҳавас ҳазор «дил-дил» карда.

пешина
аз 51
навбатӣ