Зеҳн
Сафои дил

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 51 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ШЕЪРИ РАВОН
Ба дӯсти базмороям
Ортиқи Қодир
Эй ровии сухансанҷ,
Шеъри тари равонӣ,
Бар гӯши гӯшдорон
Аз дил хабар расонӣ,

Суфтӣ ту дурри маънӣ
Бо қалби пурҳарорат,
Аз файзи ҳарфу маънӣ
Гардида ҷумла ёрат.

Чун шамъи дил фурӯзӣ
Дар дидаҳои мардум,
Баҳри ҳама азизӣ
Монанди нони гандум.

Шеъре, ки гуфта бошад
Бо сӯзу дард шоир,
Он шеър аз ту ёбад
Парвози дигар охир.

Ҳастӣ ту шамъи маҷлис,
Ҳастӣ ту маҳфилоро,
Рӯшан бидор, эй дӯст,
Як умр базми моро.
БЕНАЗИР

Назира, эй Назира, эй Назира,
Қашангии туро ҳич кас надора.
Лиқоят нур дорад, нури Эзид,
Гулафшон мекунӣ ту ин баҳора.

Назира, эй Назира, эй Назира,
Ту девона кунӣ марди ҳақира.
Назира, беназирӣ ҳамчу ёқут,
Назират нест дар рӯйи саёра.

Назира, эй Назира, эй Назира,
Азизат кас надора, дил надора.
Ҷилобахшӣ ҳамеша чун ситора,
Ба ишқат мубтало гаштам, чӣ чора?

Назира, эй Назира, эй Назира,
Илоҳо бахт дастатро бигира.
Барад кӯйи муроду сӯйи хуршед,
Бимон Хуршед дар ишқи ту мира.

Назира, эй Назира, эй Назира,
Ту боре хӯрдаӣ болои шира?
Касе хӯрду нахӯрдаш, кай бидонам!?
Надидам мисли ту ширин панира.

пешина
аз 51
навбатӣ