Сафои дил

ЁДДОШТ
Қадри шавҳарро надонад гар зане,
Бенасаб монад зи чандин гавҳаре.
Гар зане аз пушти сарват шуд равон.
Нафси ӯ дар банди давлат шуд ҷавон.
Риштаи меҳру муҳаббат барканад,
Ишқи чандинсоларо барҳам занад.
Пулбакаф шуд ҳамсарат, ҳушёр бош!
Масту найрангбоз шуд, ҳушдор бош!
Меҳрбонияш як даме аз даст рафт,
Ҳамчу моҳӣ ту бидон аз шаст рафт.
Қиссаи макраш намегардад тамом,
Ӯ нагардад аз сари нав бар ту ром.
Гар зане, ки иффаташ аз даст дод,
Пеши шавҳар иззаташ аз даст дод.
Чизхоҳиро агар ӯ пеша кард,
Нописандӣ дар дили ӯ реша кард.
Ту дигар аз ӯ манол, аз худ бинол,
Фолбинҷӯ шав – бубинад аз ту фол.
ШИКОЯТ БА ХУД
Ҳар касе хоҳад бубинад дилбарӣ,
Ҳамсарашро ӯ намонад чеварӣ.
Ҳушу гӯшу ҷисму ҷонаш чоку дарз,
Ӯ зи хотир мебарорад ҳамсарӣ.
Роҳи дигарро бубояд ҷустанаш,
То раҳо ёбад зи умри сарсарӣ.
На либоси шуста на болишти хуб,
Ту аз ин дилбар чӣ сон роҳат барӣ.
Кист ёбад аз сари сӯзан сахо,
Аз фурӯғаш кай фурӯзад ахтаре.
Хоҳӣ ар роҳат барӣ аз умри худ.
Дур кун аз ҳамсари худ чеварӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё