МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.
Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа
НАҚША:
1. Падараш ба Фарҳод муроҷиат карда чӣ гуфт?
2. Фарҳод чӣ гуфта тавбаю зорӣ мекард?
3. Оташи ғазаби падари Фарҳод чӣ шуд?
4. Маъсумӣ киро бо ангушташ нишон дод?
5. Дар охир устод писаронро ба хўрдани чӣ даъват кард?
МУАЛЛИМАИ МАН
Ман назди тиреза нишаста ба берун нигоҳ мекунам. Нигоҳ мекунаму бачаҳоро мебинам, ки аз мактаб шодикунону бозикунон ба хонаҳояшон бармегарданд.
Ман бошам худ ба худ мегўям: «Кай ман ҳам бо ҷўраҳоям ҳамин хел мактаб меравам». Азбаски пойҳои ман дардманданд, мактаб рафта наметавонам. Орзуи ягонаи ман ин аст, ки сиҳат шуда мактабрав шавам, байни бачаҳо бошам. Дар ҳамин хаёл будам, ки дари хонаамон тақ-тақ шуда муаллимаи ман Мақсудшоева омад. Вай маро бўсида «Хуршедҷон, ту чӣ хел?
Пойҳоят дард намекунанд, боз шеър менависӣ?»- гуфта пурсид. Ман муаллимаро дида хурсанд шудам. Вай ба ман гуфт:
Канӣ китоби риёзиатро гир, Хуршедҷон!
Вазифаро иҷро кардӣ?!
Баъди дарси риёзӣ муаллима аз дигар фанҳо машғулият гузаронд. Имсол се сол аст, ки ман дар хона дарс мехонам.
Муаллима ба ман мегўяд: Хуршедҷон, зиқ нашав, албатта, то соли дигар пойҳоят нағз мешаванд ва ту ба мактаб рафта дар синфе, ки ман роҳбарам, мехонӣ.
Ман муаллимаро модарам барин дўст медорам.
НАҚША:
1. Хуршедҷон дар назди тиреза ба киҳо нигоҳ мекард?
2. Сабаби ба дарс нарафтани вай дар чист?
3. Орзуи Хуршедҷон чӣ будааст?
4. Муаллима ба хуршедҷон чӣ гуфт?
5. Барои чӣ Хуршедҷон муаллимаро дўст медорад?
МЕҲРУБОНАМ, ПАДАРАМ
1
Хона хомўш. Дилам ба ёди падарам гум мезанад.
Ҳама чиз дар ҷояш: мизи кории ў, либосҳои ў, аммо ҷойи падарам дар дилу дидагонам холист. Дар ҳолате, ки гулўямро чизе мефишораду чашмонамро ашк мепўшад, сукут маро ба гузаштаҳои дур мебарад.
Гузаштаҳои нек ва саршори орзу.
Шомгоҳон падарам дар сари мизи корӣ менишастанду ман дар паҳлуяшон. Ҳар ду баробар ба вазифаю супоришҳои муаллимон тайёрӣ медидем.
Падарам мехостанд, ки ман ҳар як супоришро содиқона иҷро кунам. Ба замми ин ба ман супоришҳои иловагӣ медоданд, мепурсиданд.
Аз ҷавобам қонеъ гарданд, меболиданд, агар не, ба ман гаштаю баргашта таъкид мекарданд, ки омўхтан лозим, омўхтан, дониш андўхтан ин тавоноист. Тавре ки Фирдавсии бузург фармудааст:
Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.
Абулқосим Фирдавсӣ…
ЛУҒАТ:
Сукут- хомўшӣ
Падруд- хайру хуш
1. Кӣ барои мо бисёртар муътабар будааст?
2.Чаро падарро дарахт ва фарзандро меваи ў мегўянд?
3.Падар ба фарзандаш чӣ маслиҳат медодааст?
4. Падар ба чӣ кор машғул будааст?
ҲАЙФО, ПАДАРАМ АЗ САРИ МО РАФТ!
2
Падарам омўзгор буданду ба қадри илму дониш мерасиданд. Ҳамчунин ҳамеша роҳнамою маслиҳатгари оила, дилсўзу ғамхори фарзандон буданд. Ман бо падари доною донишмандам ифтихор мекардам. Аммо умри чунин лаҳзаҳои нек чунон будаасту таманнои мо ҳам рўзгузар.
Марги нобаҳангом моро аз ҳам ҷудо сохт. Чӣ рўзҳои даҳшатнок буданд он рўзҳо. Падарам айни чилсолагӣ бо зиндагӣ падруд (хайрбод) гуфтанду рафтанд.
Падарҷони меҳрубонам, шумо осуда бошеду мо бароҳат. Ҳарчанд дар канорамон нестед, вале аз маслиҳатҳои шумо бебаҳра намондам, ҳамеша пандҳоятон бо ман аст. Дар зиндагӣ ҳамеша бар он мекўшам, ки орзуятонро амалӣ гардонам.
НАҚША:
1. Фарзанд панди падарро чӣ тавр ёд мекунад?
2. Оё мо ҳақ дорем, ки насиҳати падарро фаромўш кунем?
3. Падару модар ҳамеша ғамхори киҳо мебошанд?
4. Орзуҳои падарро мо бояд чӣ (амалӣ) кунем?
ТРАКТОР
Касбу кори бешумор,
Дорад доно трактор.
Мола дорад трактор,
Дона корад трактор.
Ҳосилоти пухтаро,
Чида орад трактор.
Ҷўяк кашад трактор,
Дона пошад трактор.
Дар хишова ягона,
Якто бошад трактор.
Касбу кори бешумор,
Донад доно трактор.
Пурсидем аз трактор:
Чун омўхтӣ касбу кор?
Тар-таркунон хандида,
Гуфто ҷавоб трактор:
Буданд устоёни ман,
Одамони калладор.
Ҳоло чӣ? Инони ман,
Дар кафи акои Нор. Ў корашро медонад,
Маро хушрў меронад.
Наримон Бақозода
ЛУҒАТ:
Инон - лаҷом
НАҚША:
1. Трактор кадом корҳоро анҷом медиҳад?
2. Оё шумо чӣ тавр кор кадани тракторро дидаед?
3. Аз трактор чӣ пурсиданд ва он чӣ ҷавоб дод?
4. Оё шумо тракторчӣ шудан мехоҳед?
5. Тракторро чӣ гуна одамон сохтаанд?
СЕЛ, ҲАШАР ВА КЎПРУК
Пагоҳӣ ба мактаб мерафтам, ки ба хонандаи синфи дуюм Сафар дучор омадам. Ў гиря мекард, ҷузвдон ва либосҳои мактабиаш тару лой буданд.
Сафарҷон, ба ту чӣ шуд-пурсидам ман.
Ў ҷавоб надода рафт.
Ман ба назди кўпрук расидам ва дидам, ки сели калони шабомада кўпрукро вайрон кардааст. Сафар аз болои чўби борик гузашта натавониста, ба об афтодааст.
Ман ба хона омада воқеаро ба падарам гуфтам.
Падарам гуфт, ки даҳ сол пеш аз ин кўпрук бо сафедорҳои махсуси сабзондаи бобои Садриддин бунёд карда шуда буд.
Аз кўпруки назди бобои Ҳабиб гузашта ба мактаб рав, аз дарс дер намон. Ман як назди бобои
Садриддин рафта маслиҳат кунам,-гуфт падарам.
Пас аз чанд рўз бо роҳбарии бобоҳо ҳашар ташкил карда шуд. Рўзи якшанбе мо, хонандагон ҳам ба ёрӣ омадем. Ҳоло аз кўпруки нави болои дарёча , ки деҳаамонро ба ду тақсим мекунад, гузашта ба мактаб меравем.
НАҚША:
1. Либосҳои Сафар чаро лойолуд буд?
2. Сел чиро вайрон кардааст?
3. Дар бораи ҳашар чиро медонед?
4. Оё шумо ҳам ба ҳашари шанбегии мактаби худ иштирок мекунед?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё