МАҶМЎАИ ИМЛО (ДИКТАНТ), НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО БАРОИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

Дастури «Маҷмўаи имло, нақли хаттӣ ва иншо» ба хотири беҳбуди раванди таълим, ба хусус, ташаккули инкишофи нутқ ва саводи донишомўзон дар синфҳои ибтидоӣ мураттаб гардида, барои гузаронидани имлоҳои санҷишӣ ва рўйнависии хонандагони синфҳои 1-4, эҷоди иншо ва навиштани нақли хаттӣ пешбинӣ шудааст. Супоришҳои грамматикӣ дар доираи шаклу мазмуни матнҳои интихобшуда ба саводомўзии донишомўзони синни хурди мактабии 7-11-сола ҳангоми омўхтани фанни забони модарӣ мусоидат намуда, дар инкишофи тафаккури зеҳнии онҳо ва аз бар намудани қоидаҳои забони адабии тоҷик кумак менамоянд.
Валиев Султон · 1 ноябри 2024 · 32 саҳифа
НАҚША:
1. Кӣ дар хобаш бо шайтон вохўрӣ кард?
2. Шайтон ба он шахс чӣ гуфт?
3. Он шахс аз хобаш бедор шуд ва ришашро дар чӣ дид?
БА МУАЛЛИМ
Ҳамон рўзе, ки рафтам сўйи мактаб,
Зи баҳри илм чидам дурри матлаб.
Ниҳоли бахти ман нашъунамо кард,
Ба шохаш мурғи дил ҳар дам наво кард.
Муаллим , эй фурўғи шамъи махфил,
Ҳақиқаткору меҳнатёру оқил…
Аниси кўдакони , эй муаллим!
Ба ҷисми мо ту ҷонӣ, эй муаллим!
Ба ҳар илму фанӣ азбаски омил,
Ҳама шогирдҳоят аз ту қоил…
Ҳамехоҳам, ки аз ҷон гўям имрўз:
Муборак бод бар ту ҷашни фирўз!
Абдуллоҳ Қодирии Мумтоз
НАҚША:
1.Аз рўзи аввал ба куҷо рафтам?
2.Ниҳоли бахти мо дар куҷо мева медиҳад?
3.Дар мактаб кӣ ба мо дониш медиҳад?
4.Муаллимро имрўз бо кадом ҷашн табрик менамоем?
БОЙЧЕЧАКБОЗӢ
Имрўз офтоби баҳорӣ бачагонро ба бозиҷой барвақт овард. Қариб, бист нафар ғун шуданд. Ҳама қарор доданд, ки бойчечакбозӣ кунанд. Наргису
Лоларо сардор хостанд. Ду сардор дар ду сўи бозиҷой истоданду баробар:
- Ёр, ёри ман кӣ! – гуфтанд.
Қисме аз бачаҳо ба сўи Наргис давиданд, қисми дигар ба тарафи Лола. Ҳамин тариқ, ду гурўҳ шуданд.
Наргису Лола сангча руст карданд. Навбати аввал насиби гурўҳи Лола шуд. Ёрони Наргис ба канори бозиҷой рафтанду паҳлуи ҳамдигар , ҳар кадом дар дурии се-чор қадам дар «хонаҳояшон» (шартӣ) нишастанд.
Лола бо дастаи «бойчечак» (шартӣ) дар пеши сафи ёронаш истод. Дигарон ҳам дар даст яктоӣ
«бойчечак» гирифтанд. Бо ишораи Лола ба гуфтани суруди «Бойчечак» шуруъ карданд:
Бойчечаку бойчечак,
Гули хушрўи химчак.
Бойчечаку бойчечак…
Аз эҷодиёти халқи тоҷик
САРХАТИ МАТНҲО БАРОИ ФАҲМОНДАНИ
АВВАЛИ НАҚЛИ ХАТТӢ ВА ИНШО
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА
Рўзҳои гарми тобистон буд. Хуршед барои моҳидорӣ ба соҳили дарё рафт… КЎДАКИСТОН
Мунира пагоҳӣ хоҳарчаи хурдсолашро ба кўдакистон мебурд. Боз бегоҳӣ рафта ўро ба хона меовард…
МУАЛЛИМИ МО
Падари ҳамсинфи мо Рухшона муаллими синфҳои ибтидоӣ мебошад. Вай ҳар саҳар пагоҳии барвақт ба мактаби деҳаи мо дар вақташ ҳозир мешавад…
*
ТЕАТР
Падарам аҳли оилаи мо: модар ман ва хоҳарамро барои тамошо ба театри Ҷавонон мебаранд...
ИҶРОИ СУПОРИШИ ВАЗИФАИ ХОНАГӢ
Ман Маликаи Саидзода дар синфи дуюм мехонам. Баъд аз дарс ба хонаамон баргашта каме истироҳат мекунам. Сонитар ба иҷрои вазифаи хонагӣ шурўъ менамоям…
БОҒИ МО
Хонаи мо дар деҳа аст. Боғи бобои ман хеле калон ва сермева мебошад. Дар боғи мо дарахтони себ,…
*
НОҲИЯИ МО
Хонаи мо дар ноҳияи… ҷойгир шудааст. Роҳи кўчаи мо мумфаш шудааст. Ду тарафи кўча гулкорӣ ва ниҳоли арча шинонида…
*
ДЕҲАИ МО
Деҳаи мо … ном дорад. Вай аз ноҳияи … он қадар дур нест…
ДАРЁИ ВАРЗОБ
Хонаи мо дар соҳили дарёи Варзоб ҷойгир шудааст. Мо ба дарё ҳар хел чизҳои ифлосро на... Аз поёни деҳаи мо дигарон об ме…
СИНФИ СЕЮМ
НАҚЛИ ХАТТИИ МУФАССАЛ
НАСИҲАТИ МОДАР
Модарам мегуфт доим вақти хоб,
«Хоб кун, албатта, бо паҳлўи рост.
Бар ҳама коре, ки ният мекунӣ,
Сар бикун бо қувваи бозуи рост.
*
Нонро доим ба дасти рост гир,
Пўш аввал остини ростро,
Гар бубандӣ аҳд, дасти рост деҳ,
Дасти чап не хайр дорад, не бақо».
*
Хурд будам, бехабар будам ҳанўз:
Фарқ байни дасти чап ё рост чист?
Хоб кардан, сер будан муддао,
Муддао дар дасти чап ё рост нест.
*
Баъд фаҳмидам, муроди модарам
З-ин насиҳатҳош дигар будааст:
Бо чунин панду насиҳатҳо ба ман,
Ростиро тарбият бинмудааст.
Лоиқ Шералӣ
ЛУҒАТ:
Бозуи рост - дасти рост
Аҳд – паймон
Хайр – саховат
Бақо – пойдор, ҷовид
Муддао – маром , мақсад, мурод

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё