МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

ЁБУ
Кўҳе миёни кўҳҳо дар саргаҳи уфуқ
Аспест дар тавилаи аспони побаҷо.
Афсори ў зи тасмаи пурпечи обшор,
Полони ў зи тармаву ёлаш зи абрҳо.
Он ҷо Худо нигошта тандиси сармаде
Бар аспи носипардае паҳнои аспрез,
Бар аспи аз савораву маҳмез бехабар,
Бар аспи бенасибае аз завқи чорхез.
Аспе, ки чўби вассаю болор мекашид,
Аз пушти ағба вағничу гулхор мекашид,
Гўӣ ки бор мекашид аз роҳи нангу ор,
Гарчи зи бори зиндагӣ озор мекашид.
Он аспи кордида бо ғавғои рўдҳо
Аз дур медиҳад садо умре ба кўи ман,
Он аспи коркушта бо чашмони чашмаоб
Чашми сафед дўхта шабҳо ба сўи ман.
Кўҳе миёни кўҳҳо аспест белаҷом,
Хурҷини он зи лахтаи зарбафти ёлаҳост,
Дар коси зини сингиаш ҷўшида махмалак,
Зангўлаҳои ёлаш аз гулҳову лолаҳост.
БАЪДИ КЎЧ
Рафтаанд овулнишинон,
Монда бе ғавғо дара,
Кабкҳо бе ҳамнаво,
Роҳҳо бе рафтуо.
Рўд бе ҷўшу хурўши бачагон,
Ёлаҳо бе ҳою ҳуи подабон.
Мерасад аз кўҳпоя
Гиряҳои зор-зори шаршара...
Рафтаанд овулнишинон,
Ҷой дода бар зимистон.
Абр гирён,
Ҳеҷ натвонад, ки доман баркашад.
Бод сарсон,
Ҳеҷ натвонад даме хуштар занад.
Бўи барф ояд ба ҷои бўи гул,
Шўша баста ашки чашми чашмасорон.
Рафтаанд овулнишинон, Побаҷо аммо тавора,
Хаймаҷову чанд оташдони пора, Кундаҳое нимасўз аз гулхани шоми тамўз, Гирдбоде хоку хокистар парешон мекунад.
Дар гузаргоҳи рама
Галлаи абре шитобон
Бар фарози марғзорон.
Манатобад офтоби нимарўз.
Рафтаанд овулнишинон,
Монда танҳо дар ҳарими тангно
Кашмакаш мобайи рўду сангҳо,
Монда танҳо
Ёдҳову ёдҳову ёдҳо...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё