МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Дарди замонаро ба тан эҳсос мекунам,
Гоҳе чу бод мекашам афғону гаҳ чу рўд
Сарро ба санг мезанам.
Чун теғи шӯъла меҷаҳам гаҳ аз ғилофи дуд,
Гаҳ чанг мекунам басе чун хоки рўи раҳ,
Гаҳ лой мешавам басе дар оби чашми худ.
Гаҳ нозукам зи гул,
Гоҳе зи санг сахт,
Гаҳ реша медавонаму гаҳ шоха чун дарахт.
Акнун парандаҳо маро овоз медиҳанд,
Ҳар дам паёми лаззати парвоз медиҳанд.
Сору чаковакам кунун дар базми арчазор,
Санговдаввакам кунун дар шохи рўдбор.
Акнун дар оби сангоб,
Дар обсабзи толоб
Шодона болу пар занам,
Пас рўи хокрўбаи нарме равам ба хоб.
Акнун нафас-нафас
Дар нолазори рўдҳо ман об мешавам,
Аз ҳар нигоҳи дилкаше бетоб мешавам.
Акнун фиғони кўдаке ҳӯшам зи сар барад,
Сўзонадам шарораи ашки надомате,
Акнун навозише маро бар гиря оварад.
Ҳаққо, илоҷи зистан дигар намондааст,
Рўзе кушад чу оташам завқи тапидане,
Монад чу бодам аз давиш ваҷди такидане,
Афшонадам зи домани ҳастӣ чу гард аҷал,
Хушконадам чу дарё шавқи дамидане.
Аммо нахонам як дареғ,
Азбаски марги ҷонситон мифтоҳи зиндагист,
Азбаски марги беамон шарти ҳаморагист;
Ман мемирам ба хотири як умри шойгон,
Як умри бефано
Бо хокҳо,
Бо обҳо,
Бо бодҳо,
Бо шўълаҳои ҷовидон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё