МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Вале дардо, кунун дар саҳнаи олам Гурўҳе нақшбозон оташандозанд, Ки аз силки силаҳшўру силаҳсозанд.
Амон аз шарри шайтонии инсонӣ!..
Ки ин маслак бимонад шеваи шайтоннавозиро, Ба сар орад газанди морбозиро.
Ва эй мардум!
Заминро боядо дигар
Ба сони мардуми дида нигаҳ дорем Зи огафту балои нобаюсонӣ!
Варо чун маърази дидор бингорем, Ба насли тоза биспорем!
Валекин пардаҳои дидаи худро магар инсон Зи бозии сияҳкорони таърихи тамаддун метавон пўшад?
Сипас, ибратнигоҳони тамошогоҳи ҳастиро Дигар нозир бояд буд
Дар ин саҳна ба ҳар давреву давроне, Дигар ожир бояд буд
Зи макри ҳуққабозон, чашмбандоне, Зи рақси мору нақши морбозоне.
ПОДАИ НАҲР
Мавҷҳо чун говҳои шохзан
Раҳ ба раҳ доранд ҷанги тан ба тан.
Подаи наҳре давад сўи дара.
Чанги оби обғалти подараҳ
Мисли гарди раҳ расад бар рўи маҳ.
Подаи наҳре ҷаҳад чун шаршара.
Пас билесад махмали парнихсанг
Ҳамчу мўи баччаи худ бедиранг
Подаи наҳре ба марғобе сара.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё