КИТОБИ ОРЗУҲО

Ин лаҳза боди гармселе вазида, ҷисми хушкзадаву бемадори меҳмонҳои моро лесида гузашт. Аз тафсу ҳарорати ин боди оташин мағзу устухони ниҳолакони мӯрчамиёну нозук ба сӯзиш омаду додашон ба фалак печид. Ин замон гуфтаҳои боғбони пир дар гӯшашон садо дод:
– Одам вақте ба қадри неъматҳои доштааш мерасад, ки онҳоро аз даст бидиҳад.
Шумоҳо ҳам ҳоло ҷавонед. Ба қадри ману меҳнати ман баъдан мерасед, чунки ман шуморо мисли фарзандони худам медонам ва дӯст медорам.
Оина
Баъди аз кор баргаштан бо занҳои ҳамсоя лаҳзае дар берун нишастам. Мавзӯи суҳбат ҳар бахшро дар бар мегирифт. Зани акаи Салом аз саломатияш шикоят намуда, арз кард, ки ҳамин қадар табобат карданаш бефоида.
– Эҳ, Худо, ҳамин қадар одамон нимгӯшна мегарданд, ҳеҷ балошон намезанад. Ман аз чӣ камӣ дорам? Гули хурокро мехӯраму гули пӯшокро мепӯшам, вале поям аз беморхона канда нест.
– Апаи Назокат, шумо бояд як каме ба реҷаи хурокатон таваҷҷуҳ намоед, чунки асли пайдоиши бисёре аз бемориҳо вазни зиёда-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё