Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

расанд, тамом – аз тасаввури ин андеша вуҷудашро ларза гирифт. Ҷонҳавлӣ аз ҷояш хест. Ба мусофирони даруни автобус назар кард. Ҳамагон аз дунё бехабар машғули чақчақи худашон буданд. Гӯё агар ними дунёро ҳам об барад, парвое надоранд.
– Охир, ҳамаи инҳоро дар хонаҳояшон интизоранд, якеро занаш, дигареро шавҳару фарзандонаш ва дигарҳоро волидайнашон.
Оҳ, ҳоли онҳо чӣ мешуда бошад-ин фикрҳо барқсон аз зеҳнаш гузаштанд. Ба ёдаш омад автобусе, ки пур аз мусофирон дар шаҳри Маскав ба садама дучор шуда буд. Тақрибан ҳама мурда буданд ва соҳибонашон чӣ қадар оҳу шеван мекарданд. Дар наворҳои шабакаҳои телевизионӣ онҳоро дида, дилашро панҷаи ғам ва ҳамдардӣ мефишурд. Алъон ҳам бояд коре мекард, ягон роҳе бояд меҷуст, то фалокате сар назанад. Аммо чӣ чорае надешад? Намедонист! Як лаҳза худашро гум кард. Дастпоча шуд. Лекин чизе гӯё ба зеҳнаш расида, ба сӯи кабинаи ронанда раҳсипор шуд. Вале ҳар чӣ фарёд кард ва пушти шишаи кабинааш кӯфт, ронанда ӯро нашунид.

пешина
аз 95
навбатӣ