Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

кӯдакияш калонсолон мегуфтанд: «Ҳангоми фавт инсон хеле эҳсоси ташнагӣ менамояд.» Ё ин аст, ки «Фалониро вақти ҷонканӣ дар ҳалқаш ба пахта об мечакониданд.» Аз ин фикрҳои мағшуш ва даҳшатноки худ тарсид ва бо гуфтани «Астағфируллоҳ» хост худашро ором кунад. Ҳатто эҳтимоли ин, ки шояд духтарашро аз даст бидиҳад, барояш таҳаммулнопазир буд. Дили модари бечора умедвор буд, ки ҳоло муъҷизае мешаваду духтараш мисли пешина бо чеҳраи хандону лаби шукуфон аз ҷояш бархоста, хотири ошӯфтаи волидайнро барҳам мезанад ва ба зиндагии хушу хурсандонаашон давом медиҳанд. Обчакониро анҷом дода, аз ҷояш баланд шуд. Таи ин 5-6 дақиқа касе аз духтурон ба наздашон наомаданд. Дар ташвиш афтода, суроғи духтуре рафтанӣ буд.
– Оча?
– Ҷон.
– Куҷоӣ?
– Дар ҳамин ҷоям, ҷони оча.
– Пешам биё.
– Ана, омадам, чӣ гуфтан мехоҳӣ духтари ширинам, ягон хурданӣ биёрам? Дилат чӣ ме-

пешина
аз 95
навбатӣ