Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

зориҳои модар истодагарӣ накарда ба ҳуҷраи ҷигарбандаш ӯро роҳнамоӣ намуданд. Модар ба курсии паҳлӯи кати духтараш нишаста, ба сару рӯйи ӯ зеҳн монд. Тамоми ҷисми духтар докапеч буд. Гӯё варам карда буд духтараш.
– Наход ҳамин Саодати нозанини ман бошад? – худ ба худ суол мекард модари зор.
– Саодат, ҳо Саодатҷон, маро мешунавӣ?
Чашмонатро кушо, ҷони оча, маро мешунавӣ Саодатҷон? – садои духтарашро шунидан мехост модар.
Саодат бо азобе пилкҳои сӯхтаи чашмонашро кушод. Чашмонаш мисли косаи хун буданд. Суп-сурх. Модарро паҳлӯяш дида:
– Оча, очаҷон, мемирам – гуфт.
– Не, ҷони оча, ин тавр нагӯ, ҳоло ту соз мешавӣ. Соҳиби бахти сафед шуда, духтаратро тӯй мекунӣ, бачата зан медиҳӣ.
– Кошкӣ, очаҷон...
Оби чашмони модар шашқатор ҳар ду бари рӯяшро мешуст. Дасту пояш меларзид.
Нигоҳашро аз духтараш намеканд. Сару тани докапечи Саодаташро бо матоъи сафед пӯшонда буданд. Ҳангоми нафаскашии номураттабаш қафаси синааш пасту баланд мешуд.

пешина
аз 95
навбатӣ