Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Рост, очаам то бо ду чашми сараш маро намедид, дилаш ором намегирифт.
Мо ҳам дар ин ҷо ин интизорро доштем, ки модар бо ҳар роҳу воситае ба дидори пораи қалбаш муваффақ мегардад, зеро беҳуда намегӯянд: «Модар аз барои фарзанд бо думи шеру бо дами шамшер бозӣ мекунад.» Ин аст меҳри модарӣ.

Хидмати бепул

Писаракро имрӯз кораш барор нагирифт, ки нагирифт. Рӯз бегоҳ шуда истодаасту ягон мошин ҳам шуста натавонист. Чанд мошин омада буданд, вале рақибони пурзӯраш онҳоро аз худ карданд. Гӯё қасдан, боз дар ин рӯзҳое, ки модари танҳояш бемор асту барои доруву дармонаш, ҳатман пули калон лозим аст.
Ғарқи ин андешаҳои андӯҳнок нишаста буд, ки ҷипи сафеди калоне омада наздаш қарор гирифт. Соҳибаш, ки бо мошину

либосҳои пуркарру фараш нозида, бинияш осмонро мехарошид, маҳз аз ӯ хост, то мошинашро бишӯяд.
– Дарунашро ҳам бишӯям, раис?-пурсид писарак хурсандона.
– Ҳо, даруну берунашро нағз бишӯй. Агар фасон бишӯӣ, боз ягон фикри иловагӣ ҳам мекунем.
Писарак шоду мамнун ба кор шурӯъ кард.
На сардии ҳавои зимистон дар назараш метофту на сардии оби яхбастаи ҷӯйбор.
Сурудхонон мешуст, аз таҳи дил бо ҳавсалаи тамом мешуст ва тасаввур мекард, ки чӣ гуна баъди пулро гирифтан, рафта аз бозорча нону мева, аз дорухона баъзе доруҳои зарурии модарашро харида мебараду ӯро нигоҳубину ғамхорӣ менамояд.
Корашро ба анҷом расонду мунтазир шуд. Раис ҳам бо рафиқаш хариди зиёде карда, аз бозорча баргаштанд. Вай мошинро омода дида, хушҳол шуд ва чизҳои харидаашро якбора ба бордонаш бор карду нишаста рафтанӣ шуд.

пешина
аз 95
навбатӣ