Зеҳн
Баҳор боз меояд...

Маҷмӯаи шеърҳои Робия Холмирзо мебошад, ки таронаҳои муосири зиндагиро дар бар мегирад. Шеърҳо аз дили саршори меҳру муҳаббати шоира берун омада, гармиву рӯшноиро ба дили хонандагон интишор медиҳанд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 76 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Сабоҳи шоми тори ман ту ҳастӣ,
Нишоти рӯзгори ман ту ҳастӣ,
Агар аз қисматам нолам шавам кӯр,
Баҳор андар баҳори ман ту ҳастӣ...

Алам овардаӣ сӯям аламро,
Қаринам кардаӣ сад гуна ғамро.
Қалам ҳам бе алам як ҳарфи холист,
Зи номат дӯст медорам қаламро...

Расад аз ёдҳо овози духтар,
Ҳазорон сӯз дорад сози духтар.
Ҳалолат бод дунёи муҳаббат,
Кашидан гар тавонӣ нози духтар.

Маро дар дил зи ишқат сад алам буд,
Ғаму дарди ту бо ман ҳар қадам буд.
Ба зиндони ғаму дардат, азизам,
Ягона ғамгусори ман қалам буд.

Бигӯ, ҷоно, чаро ту бевафоӣ?
Намедонӣ русуми ошноӣ.
Намефаҳмам туро, ҳастӣ бароям
Ба монандӣ алифбои хитой!

Нигаҳҳои самими дар дилам монд,
Накӯию ҳалими дар дилам монд.
Ҳама аз ёди ман рафтанд, аммо
Ҳамон ёри қадими дар дилам монд.

пешина
аз 76