Зеҳн
Баҳор боз меояд...

Маҷмӯаи шеърҳои Робия Холмирзо мебошад, ки таронаҳои муосири зиндагиро дар бар мегирад. Шеърҳо аз дили саршори меҳру муҳаббати шоира берун омада, гармиву рӯшноиро ба дили хонандагон интишор медиҳанд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 76 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ай ошиқи масти ман, Худо ёрат бод!
Афсонапарасти ман, Худо ёрат бод!
Дарёи муҳаббати маро сода магир,
Афтода ба шасти ман, Худо ёрат бод!

Ё раб, караме бикун, баҳорам бифирист,
Оҳу бикунам, ба марғзорам бифирист.
Дар вақти чаро намудани сабзаи тар
Як шердиле пайи шикорам бифирист...

На мастиву на кабоб мехоҳам ман,
Аз ҷоми лабат шароб мехоҳам ман,
Дар сояи қомати базебат, эй ёр,
Сероб за бӯса хоб мехоҳам ман!

пешина
аз 76
навбатӣ