Зеҳн
Баҳор боз меояд...

Маҷмӯаи шеърҳои Робия Холмирзо мебошад, ки таронаҳои муосири зиндагиро дар бар мегирад. Шеърҳо аз дили саршори меҳру муҳаббати шоира берун омада, гармиву рӯшноиро ба дили хонандагон интишор медиҳанд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 76 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ОШИҚОНА

Бовар бикун, ба номи Худо, дӯст дорамат,
Ишқи манӣ, чу ҳарфи вафо дӯст дорамат.

Бо он, ки дер омадӣ, овардай ба худ
Шоми маро ту нуру зиё, дӯст дорамат.

Дастони меҳрубони туро ёд мекунам,
Эй ҳадяам зи дасти Худо, дӯст дорамат.

Бахти маниву шаҳди лабам нӯшат, эй азиз,
Бигзор бигзарам зи ҳаё, дӯст дорамат.

Шаҳбайти ошиқонаи ман ишқи поки туст,
Оре азизи ман, ба Худо, дӯст дорамат!

пешина
аз 76
навбатӣ