Зеҳн
Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

шабҳо хоби маро аз дида рабуда, рӯзҳо сабру ороми маро ба чанги яғмо додаанд.

Аз хурдӣ дар ёд дорам, ки мардуми деҳ дар байни ҳамаи китобҳо девони Ҳофизро китоби муқаддастарин шуморида, ҳатто дар гаҳвора онро ба зери сари тифли навзод мегузоштанд, то ки фарзанди онҳо хушбахт ва ҳамчун одами назаркарда бузург шавад ва монанди Ҳофиз азизи мардумон гардад.

Дар айёми бачагӣ дар мактаби кӯҳнаи деҳаамон ман ҳам шеърҳои Ҳофизро мисли "булбул" қироат мекардам ва ғарқи хаёлоти аҷоиб ва ғароиб мегаштам, вале аз касе намепурсидам, ки Ҳофиз аз куҷост, кай ба дунё омада ва кай аз дунё гузаштааст ва гумон доштам, ки ӯ ҳамчун пири хирадманд омӯзгори ман аст, ӯ як муршиду ман як муриди вай ҳастам, ки ҳамеша бо дасти адаб дар ҳузураш бо таъзим истодаам. Панди ӯ ҳамеша ба гӯшам мерасид:

Насиҳат гӯш кун ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд, Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.

Далели бебаҳс ва раднопазир аст, он ки устод Мирзо Турсунзода воқеан, ба ашъори Ҳофизи Шерозӣ аз хурдӣ дилбастагӣ ва ихлоси бепоён дошт. Вале булбулвор қироат кардани Ҳофизро дар болои боми гузари Тошқӯрғон ва кӣ будани тарғибгари Ҳофизхонии Мирзоро шояд бисёр касон надонанд.

Ин лаҳзаҳоро ҳини мулоқот ба мо, дӯсти даврони кӯдакии Турсунзода, Раҳими Ҷӯшонӣ ёдовар шуд.

пешина
аз 28
навбатӣ