Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа
Баъди сиҳат ёфтан Мирзо аз ҳар ҷиҳат мекушид, ки дар пешбурди зиндагӣ ба падар ҳамаҷониба дасти ёрӣ дароз бикунад. Бинобар ин нигоҳубини ҳайвоноти хонаро пурра ба зиммаи худ мегирад, аз саҳро ҳаракӣ алаф меорад барои зимистон ҳезум захира мекунад, то ки падар ба дуредгарӣ машғул шаваду ҳарчӣ бештар фармоишҳои мардум, сохтани кураку тиреза, дару дарвоза, сандуқу китобдон, дастаку сандалиро анҷом дода, зиндагиро пеш бубарад. Мирзо низ ба дастёрии хона қаноат накарда, рӯзҳои якшанбе китобҳои Ҳофизу Бедил, Рӯдакию Фирдавсиро ба даст гирифта, ба маркази деҳа - ба бозор меравад. Ва дар яке гӯшаи чойхона ҷой гирифта, китобҳои бурдаашро бонавбат баланд-баланд қироат мекунад. Аз ин хониши босаводонаи писари хурдсол мардум ба ваҷд меомаданд ва чун рамзи эҳтирому қадрдонӣ ба надаш пайса мепартофтанд, тӯҳфаҳо тақдим мекарданд.
Бо вуҷуди чунин лаҳзаҳои хуш замона ноором буд. Ҳарчанд амир сарнагун шуда бошад ҳам, сохти нав бо мушкилӣ дар амал ҷорӣ мешуд. Ҳанӯз ҳам дар Қаратоқ тарафдорону алоқамандони Мирзо Саидбой, Юсуфбою Соҳибназарбой барои мардум монеаҳо ба амал меоварданд. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо босмачиён ба деҳа ҳуҷум карда, мардуми бегуноҳ, нодору камбизоатро ғорат ва боз рӯзашро сиёҳтар мекарданд ва касе, ки муқобилият мекард, ҳамоно сар мебуриданд. Мардум дар ҳолати тарсу ваҳм рӯз мегузаронд. Ашхоси воҳимазада ҳамин, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё