Зеҳн
Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҲИДОЯТИ УСТОД

Ибтидои баҳори соли 1981 буд. Аҳли ҷумҳурӣ ба муносибати 70-солагии устод Мирзо Турсунзода омодагӣ медиданд. Банда он замон муҳассили соли чоруми бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (собиқ УДТ ба номи В. И. Ленин) будам. Рӯзе дар саҳни факулта профессор Раҳими Мусулмониён бо ман рӯ ба рӯ омада, ба каноре хонд ва арз кард:

  • Файзалӣ, туро аз деҳаи Қаратоқ, ҳамшаҳрии устод Мирзо Турсунзода мегӯянд.

  • Бале устод. Ман аз ҷамоати деҳоти Қаратоқ, аз деҳаи Шунук ҳастам, - гӯён ҷавоб додам ва интизор будам, ки муаллим боз чӣ мегӯяд.

  • Ман мақолаҳоятро дар рӯзномаи донишгоҳ "Ба қуллаҳои дониш" ва рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон" бисёр мехонам. Бад не. Истеъдодат ҳаст. Вале як камбудӣ дорӣ. Ту худат медонӣ, ки айёми бачагию наврасии устод Мирзо Турсунзода пурра равшан нест. Дар бораи ин давраи тиллоии умри устод бисёриҳо маълумоти қазой надоранд. Ҳоло дар деҳаи Қаратоқ дӯстони айёми кӯдакию наврасии устод будагистанд. Ана бо онҳо вохӯрда, хотираҳояшонро рӯи қоғаз биёр, мақола навис. Онҳо ғанимат. Охир, касе дар ин дунё сутун нахоҳад шуд. Баъд дер шуданаш мумкин. Ҳамин тавр, чанд саҳифаи шарҳи ҳоли ин марди бузург норавшан мемонад...

пешина
аз 28
навбатӣ