Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа
мешавад. Бо меҳнати ҳалол ризқу рӯзӣ ёфта, дар пешбурди рӯзгор ба қиблагоҳ кӯмак мерасонад.
Мирзо аз эҷодиёти классикони адабиёти тоҷику форс шеърҳои беҳад зиёд медонист. Ҳар рӯзи якшанбе дар маркази деҳа бозори калон барпо мешуд. Мардуми зиёд аз деҳоти атроф: Шунуку Бедгун, Аршию Пушти Миёна, Кӯшбулоку Шӯрхок, Наълбеку Ҳакимӣ, Лаби Чӯю Мӯъминобод, Рикеву Обибориқ ба ин ҷо меомаданд.
Мирзоҷон дар як гӯшаи чойхона нишаста аз ашъори Бедилу Ҳофиз, Рӯдакию Фирдавсӣ, Ҳилолию Ҷомӣ шеъру ғазалҳо қироат мекард. Дар гирдаш одамони зиёде ҷамъ омада, гӯш ба шеърхониаш медоданд ва ба қадри имкон маҳорату истеъдодашро бо пайса ё инъоме қадрдонӣ мекарданд. Мирзо барои ин хизматаш аз мардум аҳсани зиёд мешунид ва ҳам бо подоши ҳалол китобу анвои хӯрдани харида, ба хонаашон бармегашт...
Баъди инқилоби Бухоро, сарнагун шудани охирин намояндаи сулолаи манғитиҳо амир Олимхон дар Қаратоқ низ сохти нав барқарор шуд. Соли 1924 дар ин ҷо мактаби шӯравӣ таъсис ёфт. Вазъи иҷтимоии мардум андак рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Вале замона ҳанӯз нотинҷ буд. Босмачиён бо мақсади барқарор кардани сохти кӯҳна тохтутоз намуда, мардумро хору зор мекарданд ва аз дами теғ мегузаронданд. Ана дар чунин шароиту вазъи носолими замона баъди як соли таҳсил дар мактаби нави Қаратоқ мо 4 нафар азм кардем, ки ба Душанбе барои хондан биравем. Вале бинобар сабаби ноором
=16=

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё