Зеҳн
Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

бехато ҷавоб медод. Дар байни шарикдарсон Мирзоҷон аз ҳама зиёд афсона медонист ва ҳар гуна китобро бемалол хонда метавонист.

Бо чунин бачаи хушзеҳну оромтабиат, донову қадршинос як ҷо гаштану сабақ гирифтан бароям гуворо буд. Дар рафоқат ҳамто надошт ӯ. Дӯсти вафодор буд Мирзоҷон. Таи 8-9 соле, ки як ҷо ба воя расидем, ягон маротиба асабӣ шудани ӯ, ҷангу ҷанҷолашро бо шарикдарсон надидаем.

Бачаи баандеша, хоксор, меҳрубон буд. Мехост, ки хонда одами донишманду намоён шавад. Ба муродаш расид Мирзоҷон. Бо шеър савганд хӯрда "хизмати шоиста бар ёру диёре мекунам", - гуфта буд. Ҳамин тавр ҳам кард ва як умр ба савганди хеш содиқ монд.

МУШКИЛНОПИСАНД

Дӯсти даврони кӯдакию наврасии Мирзо Турсунзода, Муҳаммадӣ Имомов часпу талоши шоирро дар ҷустуҷӯи илму дониш ва дар ин роҳ ба амал омадани монеаю мушкилот нисбати дигар ҳамдеҳагон бештар медонад. Чаро ки ӯ бо Мирзо ҳам дар мактаби кӯҳна ва ҳам мактаби нави Қаратоқ таҳсил кардааст. Ҳамзамон ҳамроҳи ӯ бо ҳазору як мушкилот роҳи дуру дарози ноободи Қаратоқ - Душанберо пиёдаю ҳаракӣ тай карда, Мирзоро то пойтахт ҳамроҳӣ намудааст.

Чун аз даврони тифлии устод ёд овардем, бобои
Муҳаммадӣ хеле сукут кард, хаёлан солҳои гузашта,
айёми тиллоии умр - кӯдакиро пеши назар овард,
=14=

пешина
аз 28
навбатӣ