Зеҳн
Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Иброҳимҷон, идомаи қиссаро Шумо хубтар медонед.

  • Сирри сурнайнавозии Билол меҳтар дар чӣ будааст?

Иброҳим Азим ба баёни қиссаи нотамом пардохт:
"Фасли хазонрез буд. Рӯзе субҳи барвақт аз хоб бедор шуда ба соҳил омадам, ки дасту рӯй шӯям. Аз насими саҳар баҳра гирам, - гуфта буд Билол - меҳтар. Ҳамин дам аз ҷониби гузари Тошқӯрғон қироати Мирзо ба гӯшам расид.

Ҳушамро ҷамъ намуда, лаҳзае мутаваҷҷеҳи овоз шудам. Хонданаш писанд буд. Шамоли дарё овози хуши Мирзоро ба гӯш расонда, ҳаловат мебахшид. Рӯз ба тамом сафед шуда буд. Хурӯсҳо дигар чеғ намезаданд. Ба атроф; ба гузарҳои Тошқӯрғон, Сурхӣ, Куложӣ, Чармгарӣ назар афкандам. Аксарият ҳоло масти хобанд. Дар сарам фикре пайдо шуд. Ҳоло мераваму бо садои сурнай хуфтагонро бедор мекунам. Ва бо садои сурнаи худ бонг мезанам:

  • Эй мардум, бовар мекунед, писари нуҳсолаи усто Турсуни дуредгар Ҳофизро чунон қироат мекунад, ки обу адо мешавед. Бовар накунед, ману дарёи Қаратоқ гувоҳ!

Бо ҳамин азм тохта ба ҳавлӣ даромадам. Меҳтарро аз тор гирифтам. Пӯшашро кашида, найчаи лабро насб кардам. Сипас, давида ба соҳил омадам. Ҳамин ки оҳанги "Шодиёна"-ро хатм кардам, аз чор тараф ғалоғулаи мардум баланд шуд..."

Аз он субҳ то чанд муддат Билол - меҳтар тарғибгари ҳофизхонии Мирзоҷон шуда буд...

пешина
аз 28
навбатӣ