Зеҳн
Фарзанди хуб - боғи падар

Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 23 саҳифа

ОилаМаорифМаърифат
Аз аввал хондан

ПАДАРУ МОДАРОНИ АЗИЗ!

Мақсади шумо дар оянда фарзанди худро бообрӯ дидан, аз кору зиндагии ӯ фахр кардан аст. Ҳар падару модар орзу дорад, ки фарзанди ҷигарбандаш пару боли орзуҳояш бошад.

Нияти мо бошад дар ин кор ба Шумо бо маслиҳатҳои худ кӯмак расондан аст. Шумо медонед, ки гузаштагони мо барои фарзандон китобҳои панду ахлоқии хонданбоб: “Чор китоб”, “Насиҳатнома”-и Унсурлмаолии Кайковус, “Баҳористон”-и Ҷомӣ, “Гулистон”-и Саъдӣ, “Дастурулмулук”-и Хоҷа Самандари Тирмизӣ ва садҳо асари дигарро мерос гузоштанд. Ҳамаи ин китобҳо як мақсад доранд: тарбияи инсон, махсусан насли наврас дар рӯҳи одаму одамгарӣ, илму донишомӯзӣ. Шумо аз онҳо истифода баред.

Мо ҳам дар ин навиштаҳо кӯшидем, ки шаммае ба шумо роҳнамоӣ кунем, аммо шумо аз мо бештару беҳтар фарзандатонро медонед. Одобу хулқу рафтору қобилияти ӯро омӯхтаед. Дар тарбия як роҳи рост нест. Ҳар фард олами нотакрор асту муносибати ба худ хосро мехоҳад. Боварӣ дорем, ки шумо бо кадом роҳҳо босавод кардани ҷигарбандатонро медонед, бо кадом усул тарбия кардани ӯро аз худ кардаед.

Тавсияҳои мо бошанд дар интихоби роҳи амали шумо кӯмак мерасонанд.

Боварӣ дорем, ки дар якҷоягӣ бо мактаб, аҳли ҷомеа шумо ҳам ба мақсад мераседу муроди мо ҳам ҳосил мешавад. Мақсади ҳамаи мо як аст:

Тарбия намудани насли сазовор барои ояндаи Тоҷикистони азиз – Ватани ягонаи бо ҷон баробари мову шумо.

Илоҳо, нияти неки мою шумо амалӣ гардад. Омин!

пешина
аз 23