Зеҳн
Фарзанди хуб - боғи падар

Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 23 саҳифа

ОилаМаорифМаърифат
Аз аввал хондан

давоми умри боқимонда 20% дигари донишро соҳиб мешавад. Он ҳам бошад дар соҳаи касби интихобкардааш.

  1. Хонандагони синфи соли охири таҳсил аксаран бетафовут, бефарқ, гоҳо нописанд мешаванд. Ба ашёҳои хониш аҳамият намедиҳанд. Бо корҳои ба таълим алоқаманд набуда (сайру саёҳат, хонагаштак, давранишинӣ, ишқварзӣ ва ғ.) машғул мешавад, ҳол он ки имтиҳонҳои хатми мактаб, дохил шудан ба донишкадаҳои олӣ дар пешанд. Волидайн дар ин давра даҳчанд бояд ба фарзандони худ аҳамият диҳанд, ба онҳо кӯмак расонанд. Ҳар рӯз, ё ҳар ҳафта рӯзномаашонро бинед, бештар ба мактаб равед, шароит муҳайё созед, то ки орзуятон бемамоният ҷомаи амал пӯшад.

  2. Ҳар падару модар бояд донад, дарк кунад, ки агар фарзандаш дониши хуб дошта бошад, ҳеҷ кас ӯро аз имтиҳони қабул “намеафтонад”. Онҳое, ки “афтонданд” мегӯяд, аксар вақт дурӯғ мегӯяд. Волидайн бояд инро донанд ва агар шубҳае дошта бошанд, ариза дода, санҷида метавонанд.

  3. Бо вуҷуди назорати ҷиддӣ барои истироҳат, бозӣ, машғул шудан бо варзиш, ёрӣ додан ба корҳои хона ба фарзандатон шароит муҳайё созед. Акнун ӯ кӯдак нест. Дар кори хоҷагӣ, бозор, нигоҳубини ҳавлӣ бигзор кӯмак расонад, аммо на ба дараҷае, ки вақти китобхонӣ, дарстайёркунӣ наёбад.

  4. Падару модарони азиз! Таҳсили фарзандатон

пешина
аз 23
навбатӣ