Зеҳн
Фарзанди хуб - боғи падар

Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 23 саҳифа

ОилаМаорифМаърифат
Аз аввал хондан

нохуш меорад. Дар ин ҷо фарқи як-ду-сесола рол намебозад, балки калонсолон бо фармудани корҳои ғайриқонунӣ кӯдаконро бероҳа мекунанд. Дар ин сурат Шумо бо он калонсолон кор баред, то онҳо аз фарзанди шумо даст кашанд. Зинҳор фарзандатонро бо роҳи зӯрию маҷбурӣ аз онҳо ҷудо накунед, ки аз рӯи принцип рӯирост ё пинҳонӣ боз ба надашон бармегардад.

  1. Ба кӯчагардияш аҳамият диҳед. Ҳар бегоҳ бояд сари дастурхон бошад. Сабр карда чанд рӯз то омаданаш интизор шавед ва сипас дастурхон кушоед. Бигзор донад, ки аҳли оила якҷоя, дар як вақт, сари як дастурхон мешинанд.

  2. Рӯзномаашро ҷиддӣ санҷед. Агар донед, аз фанҳои мехондагиаш пурсед, агар надонед, айбе надорад, аз китоб мавзӯъро ёфта хонда пурсед ё аз саволҳои мавзӯъ истифода баред. Чанд рӯз пайваста машғул шавед, одат карда меравед. Як кайфияте дорад ин амал: ҳам фарзандатон ба завқ меояду ҳам шумо завқ мебаред.

  3. Махсус ба чоряки охири таҳсили синфи IX диққат диҳед, ки ба имтиҳонҳо тайёрӣ бинад ва барои таҳсили оянда омодагӣ гирад.

пешина
аз 23
навбатӣ