Зеҳн
Фарзанди хуб - боғи падар

Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 23 саҳифа

МаърифатОилаМаориф
Аз аввал хондан

истед, ки чӣ мехоҳад, кай мехоҳад ва китоби хондааш чӣ мазмун дорад? Шояд китоби хондаи фарзандонро худатон нахондаед. Боке не.
Баъди ӯ хонед, ба худатон фоида дорад. Вақти китобхонӣ надошта бошед, варақ зада аз саҳифае воқеаро пурсед. Хондан-нахондани фарзандатон маълум мешавад. Агар дар ин кор собитқадам бошед, фарзандатон доною ҳозирҷавоб мешавад, нутқаш инкишоф меёбад. Шеър аз ёд кунонданро фаромӯш накунед. Шеър майнаро машқ медиҳад.
Пурсида истед, ки кадом шеърро аз ёд кардааст.
Агар худатон надонед, бо воситаи китоб ё матн санҷед.

  1. Одат кунед ва одат кунонед, ки фарзандатон ҳар ҳафта рӯзномаашро нишон диҳад. Ҳам бо баҳо, ҳам бо одоби ӯ шинос мешавед. Ба шумораи баҳо ва сифати онҳо диққат диҳед. Бо воситаи рӯзнома бо роҳбари синф ва омӯзгорон алоқа барқарор намоед.
    Ин назорат ва алоқа барои интизоми фарзандатон, баланд шудани масъулияту пешрафти таҳсилоташ аҳамияти калон дорад.

  2. Дар корҳои хона ё рӯзгор ва ё хариду фурӯш
    ҳамроҳ ба бозор равед, фоида дораду зарар не.
    Қадри рӯзгордорӣ ва зиндагиро мефаҳмад. Барои
    оила харидани баъзе маводҳоро ба ӯ супоред,
    аммо зинҳор пулбоз накунед. Чизи овардаашро
    бо маблағи додаатон муқоиса намуда, бақияашро
    талаб намоед ва ё дар куҷо сарф кардани онро
    муайян созед.

пешина
аз 23
навбатӣ