Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Фоидаи давраи ҳисоботи натиҷаи умумии молиявии фаъолияти истеҳсолӣ-хоҷагидории корхонаро бо назардошти ҳама ҷиҳатҳояш инъикос мекунад. Ҷузъи муҳимтарини ин нишондиҳанда - фоида аз фурӯш, бо омилҳои истеҳсол ва фурӯши маҳсулот алоқаманд аст, бинобар ин ҳангоми таҳлили молиявӣ ба таҳқиқи сабабҳои тағйири ин нишондиҳанда бояд аҳамияти асосӣ дода шавад.

Таҳлил ва истифодабарии фонди. Мутобиқи қонунгузории амалкунанда фоидаи бадастовардаи ташкилот ба таври зайл тақсим карда мешавад.

Пеш аз ҳама, аз он андоз ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ пардохт карда мешавад. Барои муайян намудани фоидаи андозбандишаванда, аз фоидаи соли ҳисоботӣ инҳо тарҳ карда мешаванд: даромад дар шакли дивидендҳо, ки аз саҳмия, фоизҳо, вомбаргҳо ва коғазҳои қиматноки дигари корхона ба даст оварда шудаанд; даромадҳо аз иштироки ҳиссавӣ дар фаъолияти корхонаҳои дигар, ба истиснои даромадҳо, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба даст омадаанд; фоида аз фурӯши маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли худӣ; имтиёзҳое, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда дода шудаанд.

Фоидаи софи корхона чун фарқи миёни фоидаи соли ҳисоботӣ ва ҳаҷми андоз аз фоида бо назардошти имтиёзҳо фаҳмида мешавад. Самтҳои истифодабарии фоидаи софро корхона мустақилона муайян мекунад. Самтҳои асосии истифодабарии фоида: маблағҷудокунӣ ба фонди захира, ташкили фондҳои ҷамъоварӣ ва истеъмол, маблағҷудокунӣ барои мақсадҳои хайрия ва дигар мақсадҳо, дар ҷамъиятҳои саҳомӣ – додани дивидендҳо.

Вазифаҳо барои кори мустақилона:

  1. Тайёрӣ ба муҳокимаи шифоҳии саволҳо дар доираи мавзӯъ.
  2. Ҷавоб ба саволҳои санҷишӣ.
  3. Навиштани реферат дар мавзӯъҳо:
  • «Мафҳум ва моҳияти таҳлили молиявӣ»;
  • «Намудҳои ҳисоботи молиявӣ».
  1. Ҷавоб додан ба саволҳои тестӣ.
  2. Тартиб додани луғат доир ба мавзӯъ.

Саволҳои санҷишӣ:

  1. Мазмун ва аҳамияти таҳлили молиявиро шарҳ диҳед.
  2. Ҳисоботи молиявӣ чист?
пешина
аз 151
навбатӣ