Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

карда шудааст. Ин рӯйдод оғози марҳилаи нави инкишофи назарияи умумии молия гардид.

Нахустин концепсияи менеҷменти молиявӣ аз ҳисоби такмили фаслҳои асосии назарияи таҳлили молиявӣ бо усулҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, математикаи молиявӣ ташаккул дода шудааст. То солҳои 60-уми асри ХХ менеҷменти молиявӣ дар асоси назарияи умумии менеҷмент инкишоф меёфт. Назарияи то ин вақт вуҷуддоштаи молия, пеш аз ҳама, ба рушду такомули усулҳои идоракунии молияи давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимият нигаронида шуда буд. Дар ҳоли ҳозир менеҷменти молиявӣ фанни заминагузори илмиест, ки дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ва хориҷа омӯхта мешавад.

Дар Россия менеҷменти молиявӣ ҳамчун усули самараноки идоракунии селаҳои пулӣ ва муносибатҳои молиявӣ дар солҳои 90-уми асри ХХ ба инкишоф шурӯъ кард. Аввалин таҳқиқоти назарраси илмии русӣ оид ба менеҷменти молиявӣ танҳо соли 1993 нашр шуд. Ба намуди мукаммал концепсияи россиягии менеҷменти молиявиро Е.Н. Станиславчик пешниҳод кардааст. Дар айни замон менеҷменти молиявӣ қариб тамоми самтҳои асосии идоракунии самараноки молияи ташкилоти тиҷоратӣ, ба шумоли бахшҳои бонкдорӣ ва суғуртаи иқтисодро дар бар гирифта, бо назардошти хусусияту қонуниятҳои хоси он инкишоф ёфта истодааст.

Аммо таъкид бояд кард, ки унсурҳои алоҳидаи менеҷменти классикии молиявӣ дар Россия ҳанӯз дар солҳои 20-ум, 30-юм, инчунин солҳои 80-ум дар чорчӯбаи баҳисобгирии муҳосибӣ барои таҳлили молиявии таносуби баланс истифода бурда мешуданд. Дар ин робита «Методикаи ҳисоб ва арзёбии қобилияти қарзпардозии корхонаҳои саноатӣ» дар таҳияи Р.Г. Олхова, М.О. Сахарова, Н.Э. Соколинская сазовори таваҷҷуҳ мебошад.

Дар ҷараёни таҳқиқи асосҳои менеҷменти молиявӣ фарқияти маъноҳои васеъ ва маҳдуди ин ибораро ба назар бояд гирифт, зеро то кунун фарқгузории анику дақиқи ин мафҳумҳо вуҷуд надорад ва ин аксаран боиси сар задани мубоҳисот мегардад.

Бо таваҷҷуҳ ба гуфтаҳои боло хулоса кардан мумкин аст, ки менеҷменти молиявӣ илме мебошад, ки бо идоракунии самараноки молияи давлатӣ ва мунитсипалӣ (маҳаллӣ), молияи субъектони хоҷагидор, молияи байналмилалӣ, яъне бо тамоми қисматҳои таркибии молияи давлат алоқаманд аст.

пешина
аз 151
навбатӣ