Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

• таҳлили самаранокии кори воҳидҳои гуногуни сохторӣ, муайян намудани меъёри моддаҳои хароҷот;
• интихоби соҳаҳои ояндадори сармоягузорӣ ва пешгӯии рушди ташкилот;
• таҳкими интизоми молиявӣ.

Технологияи буҷетикунонӣ, бар хилофи банақшагирии хароҷот, муносибати комплексиро бо назардошти ҳадафҳои ташкилот ва имконоти маркетингий барои ба даст овардани онҳоро пешбинӣ мекунад.
Марҳилаҳои ташкили низоми буҷетикунонӣ дар корхона:

  1. Лоиҳакашӣ ва тасвиби сохтори молиявии корхона; 2. Муайян намудани технологияи буҷетикунонӣ; 3. Муайян намудани шакли буҷетҳои асосӣ; 4. Таҳияи вақтибуҷет; 5. Ташкили раванди буҷетӣ; 6. Автоматикунонии раванди буҷетикунонӣ.

Низоми буҷетии корхона маҷмӯи буҷетҳоест, ки бар муносибатҳои истеҳсолӣ, иқтисодӣ ва сохти таркибии корхона асос ёфта, бо ҳуҷҷатҳои дохилии он танзим карда мешавад.
Дар маҷмӯъ ҳама намудҳои буҷетро, ки дар банақшагирии молиявӣ мавриди истифода қарор доранд, ба се гурӯҳи асосӣ ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Буҷетҳои асосӣ (молиявӣ); 2) Буҷетҳои амалиётӣ; 3) Буҷетҳои ёрирасон.

Буҷетҳои асосӣ (молиявӣ):

  1. Буҷети даромад ва хароҷот — буҷете, ки таносуби тамоми даромад аз фурӯшро (оид ба маҳсулоте, ки ба истеъмолгарон таҳвил ё хизматҳое, ки ба онҳо расонида шудаанд) дар давраи банақшагирӣ бо тамоми намуди хароҷоти ба нақша гирифташудаи корхона ё ширкат дар ҳамин давра дар бар мегирад.
  2. Буҷети ҳаракати воситаҳои пулӣ - буҷет (нақша)-и ҳаракати суратҳисоб ва воситаҳои нақди пулӣ дар хазинаи корхона ва (ё) воҳиди сохтории он (бизнес, шуъба) мебошад, ки тамоми воридоту содироти пешгӯишавандаи воситаҳои пулиро дар
пешина
аз 151
навбатӣ