Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

эҳтимолият дар чунин муддат воқеаҳои барои корхона хос рӯӣ медиҳанд, чунки дар чунин муҳлат ҷунбишҳои мавсимии тағйироти бозор ба эътидол меоянд. Аз рӯи вақт буҷет (нақша)-и солонаро ба буҷетҳо (нақшаҳо)-и моҳона ва семоҳа тақсим кардан мумкин аст.

Ташкили банақшагирӣ аз ҳаҷми корхона вобаста мебошад. Дар корхонаҳои хеле хурд тақсимоти функцияҳои идорӣ ба маънои аслияш вуҷуд надорад, ва роҳбарон имкони баррасӣ кардани тамоми масъалаҳоро доранд. Дар корхонаҳои калон кори таҳияи буҷет бояд ба таври ғайримутамарказ анҷом дода шавад. Чунки кадрҳо дорои таҷрибаи бештар дар соҳаи истеҳсолот, харид, фурӯш, роҳбарияти ҷорӣ маҳз дар сатҳи шуъбаҳо ҷамъ меоянд. Бинобар ин маҳз дар шуъбаҳо таклифҳо оид ба амалҳои мақсадноки оянда пешниҳод карда мешаванд.

Буҷетҳои шуъбаҳо набояд ҷудо аз ҳамдигар таҳия карда шаванд. Масалан, ҳангоми ҳисоббаробаркунии нишондиҳандаҳои нақшавии фурӯш, яъне ҳам андозаи фарогирии шароити истеҳсол ва нархҳои банақшагирифтаи фурӯшро донистан лозим аст. Барои таъмини низоми муассири ҳамоҳангӣ, дар бисёр корхонаҳо дастурамали оид ба таҳияи буҷетҳо тартиб дода мешавад, ки дар он нақшан соатбай ва инчунин тақсимоти уҳдадорию масъулият зимни ҳисоби нишондиҳандаҳои буҷетӣ оварда шудааст.

Дар адабиёти оид ба банақшагирӣ дар корхонаҳо одатан ду роҳи ташкили кор оид ба таҳияи буҷетҳо фарқ мекунанд:

  • бо усули break-down (аз боло ба поён);
  • бо усули build-up (аз поён ба боло).

Бо усули break-down кор оид ба таҳияи буҷетҳо «аз боло» сар мешавад, яъне роҳбарияти корхона мақсаду вазифаҳо, хусусан нишондиҳандаҳои нақшавии фоидаро муайян мекунад. Сипас ин нишондиҳандаҳо дар шакли беш аз пеш ташрехёфта, бо мурури ҳаракат ба зинаҳои поёнии корхона, ба нақшаи шуъбаҳо дохил карда мешаванд.

Дар мавриди усули build-up баръакс амал мекунанд. Масалан, ҳисоббаробаркунии нишондиҳандаҳои фурӯшро шуъбаҳои алоҳидаи фурӯш оғоз мекунанд, баъдан роҳбари шуъбаи фурӯши корхона ин нишондиҳандаҳоро ба буҷет (нақша)-и ягона дохил менамояд, ва онро минбаъд чун қисми таркибӣ ба буҷет (нақша)-и умумии корхона шомил кардан мумкин аст.

Усулҳои break-down ва build-up ду тамойили муқобил мебошанд. Дар амалия танҳо яке аз инҳоро истифода бурдан мувофиқи мақсад аст.

пешина
аз 151
навбатӣ