Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
дар ин ҷо:
ХМПд — маҷмӯи хароҷоти нақшавии маблағҳои пулӣ аз рӯи фаъолияти амалӣ дар давраи баррасиишаванда;
ХАд — маҷмӯи хароҷоти нақшавии амалиётӣ оид ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулот;
ПАд — маҷмӯи маблағи андозу пардохтҳое, ки аз ҳисоби даромад супорида мешаванд (ва ба нархи маҳсулот илова мешаванд);
ПАф — маҷмӯи нақшавии андозҳое, ки аз ҳисоби фоида супорида мешаванд;
Ид — маҷмӯи истеҳлоки нақшавии воситаҳои асосӣ ва активҳои ғайримоддӣ.
Маҷмӯи воридоти софи нақшавии пулӣ бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:
ВСПд = ФСд + ИВА, ВСПд = ВПФн - ХМПн
дар ин ҷо:
ВСПд — ҷамъи воридоти софи нақшавии пулӣ дар давраи баррасиишаванда;
ФСд — маҷмӯи фоидаи софи корхона аз фаъолияти амалиётӣ;
ИВА — маҷмӯи истеҳлоки воситаҳои асосӣ ва активҳои ғайримоддӣ;
ВПФн— маҷмӯи воридоти нақшавии маблағҳои пулӣ аз фурӯши маҳсулот;
ХМПн — маҷмӯи хароҷоти нақшавии маблағҳои пулӣ барои фаъолияти амалӣ.
Пайдарпайии ҳисобкунии нишондиҳандаҳои алоҳида ҳангоми пешгӯии воридоту хароҷоти маблағҳои пулӣ аз рӯи фаъолияти амалиётӣ вобаста ба ҷамъи нақшавии мақсадноки фондан соф аз ҳисобхон зерин иборат аст:
- муайян намудани маҷмӯи нақшавии фоидаи софи корхона;
- ҳисоббаробаркунии маҷмӯи нақшавии фондан умумии мақсадноки корхона;
- ҳисоббаробаркунии маҷмӯи нақшавии андозҳое, ки аз ҳисоби фоида супорида мешаванд;
- муайян намудани маҷмӯи нақшавии хароҷоти амалиётӣ барои истеҳсол ва фурӯши маҳсулот;
- ҳисоббаробаркунии маҷмӯи нақшавии воридоти маблағҳои пулӣ аз фурӯши маҳсулот;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё