Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

хоҷагидор омода кардан ва сипас варианти беҳтаринашро интихоб намудан лозим аст. Барои дарёфти чунин варианти беҳтарин моделҳои иқтисодӣ-математикӣ истифода бурда мешаванд.

Пайдарпаии таҳияи нишондиҳандаи молиявиро дар чунин шакл тасвир кардан мумкин аст:

Расми 3.2. Раванди таҳияи нишондиҳандаи нақшавӣ бо истифода аз модели иқтисодӣ-математикӣ

Сохтани модели иқтисодӣ-математикии нишондиҳандаи молиявӣ марҳилаҳои асосии зеринро дар бар мегирад:

  • омӯзиши тағйироти нишондиҳандаи молиявӣ дар муддати муайяни вақт ва ошкор кардани омилҳое, ки ба самти ин тағйирот таъсир мерасонанд;
  • ҳисоббаробаркунии модели вобастагии функционалии нишондиҳандаи молиявӣ аз омилҳои муайянкунанда;
  • таҳияи вариантҳои гуногуни нақшаи нишондиҳандаи молиявӣ;
  • таҳлил ва арзёбии коршиносии дурнамои инкишофи нишондиҳандаҳои молиявӣ;
  • қабул кардани қарори нақшавӣ;
  • интихоби варианти беҳтар.

3.2. Усулҳои пешгӯии молиявӣ дар корхона

Пешгӯии молиявӣ раванди таҳия ва тартибдиҳии пешгӯиҳо, яъне фарзияҳои бар илм асосёфта дар бораи вазъи ояндаи низоми иқтисодӣ ва объектҳои иқтисодӣ, инчунин тавсифоти ин вазъ мебошад.

Вазифаи пешгӯиҳо пешбинӣ кардани оянда, муқаррар намудани роҳнамоҳои фаъолияти ширкаткунандагони иқтисодиёт мебошад.

Натиҷаи пешгӯӣ маълумоти пешгӯишуда аст, яъне иттилоъе, ки вазъи ояндаро тасвир мекунад.

Пешгӯии молиявӣ пеш аз мураттабсозии нақшаҳои молиявӣ анҷом дода шуда, барои кор карда баровардани концепсияи сиёсати молиявӣ дар давраи муайяни рушди давлат ё субъекти хоҷагидор мусоидат мекунад, вале дараҷаи муайяниаш нисбат ба банақшагирии молиявӣ пасттар аст.

пешина
аз 151
навбатӣ