Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
нишондиҳандаи чун база қабулшуда, ва зарибҳои тағйирёбии он дар даври банакшагирӣ, ҳаҷми нақшавии ин нишондиҳанда ҳисоб карда мешавад. Ин усули банакшагирӣ дар сурати набудани меъёрҳои техникии иқтисодӣ ва дар асоси тағйироту вобастагӣ муайян гардидани робитаи байни нишондиҳандаҳо истифода бурда мешавад.
Асоси ин усулро истифодаи арзёбии коршинос ташкил медиҳад (расми 3.1.).
Усули ҳисоббаробаркунӣ-таҳлилӣ ҳангоми банакшагирии маблағи фонду даромад, муайян намудани андозаи пардохтҳо аз фонд ба фондҳои ҷамъоварӣ ва ғайраҳо васеъ истифода бурда мешавад.
Маълумоти
ҳисоботии даври
пешин
Арзёбии
коршиносии
тағйироти
маълумоти ҳисобот
Арзёбии
коршиносии
дурнамои рушд
Ҳисоби
нишондиҳандаи
нақшавӣ
Расми 3.1. Нақшаи усули ҳисобкунию таҳлилии банакшагирӣ
- Усули тавозунии банакшагирӣ ва пешгӯии молиявӣ ҳангоми банакшагирии тақсимоти воситаҳои молиявии бадастомада истифода бурда мешавад. Моҳияти он аз сохтани тавозуни воситаҳои молиявии мавҷуда ва талабот ба онҳо иборат аст.
Зимнан тавозун чунин шакл дорад:
Бр + Д = Х + Бп
дар ин ҷо: Бр - бақияи воситаҳо дар оғози сол;
Д - даромади воситаҳо дар даври нақшавӣ;
Х - хароҷот дар даври нақшавӣ;
Бп - бақияи воситаҳо дар охири давраи нақшавӣ.
- Усули меъёрии банакшагирӣ ва пешгӯии молиявӣ дар сурати мавҷудияти меъёрҳои муқарраршуда, масалан, меъёри хароҷоти истеҳлок, меъёри андоз ва тарифи пардохт ба фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ (фонди нафақа, суғуртаи тиббӣ ва ғ.), меъёри талабот ба воситаҳои гардон истифода бурда мешаванд.
Меъёрҳоеро, ки ҳангоми банакшагирии молиявӣ истифода мешаванд, инҳо муқаррар мекунанд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё