Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Саволҳои санҷишӣ:

  1. Мақсади асосии менеҷменти молиявӣ дар чист?
  2. Вазифаҳои асосии менеҷменти молиявиро номбар кунед.
  3. Мафҳуми низоми иттилоотии менеҷменти молиявиро шарҳ диҳед.
  4. Фаслҳои асосии менеҷменти молиявиро номбар кунед.
  5. Кадом унсурҳо ба объектҳои менеҷменти молиявӣ дохил мешаванд?
  6. Кадом унсурҳо ба субъектҳои менеҷменти молиявӣ дохил мешаванд?

Тест 1. Ба объекти менеҷменти молиявӣ унсури зерин дохил карда мешавад:
А) муомилоти пулӣ; В) кадрҳои корхона; С) воситаҳои техникӣ; D) таъмини иттилоотӣ; Е) воситаҳои молиявӣ.
2. Унсури субъекти менеҷменти молиявӣ:
А) муомилоти пулӣ; В) захираҳои молиявӣ; С) муносибатҳои молиявӣ; D) кадрҳои корхона; Е) гардишҳӯрии сармоя.
3. Афзоиши бештарини боигарии соҳибони корхона, ки дар афзоиши арзиши бозории корхона ифода меёбад, ин:
А) мақсади менеҷменти молиявӣ; В) вазифаи менеҷменти молиявӣ; С) принсипи менеҷменти молиявӣ; D) усули менеҷменти молиявӣ; Е) консепсияи менеҷменти молиявӣ.
4. Вазифаҳои менеҷменти молиявӣ:
А) таъмини ташаккули ҳаҷми кофии захираҳои молиявӣ; В) таъмини афзоиши бештари фондан корхона дар сатҳи муайяни хатари молиявӣ; С) беҳгардонии муомилан пул; D) таъмини коҳишёбии сатҳи хатари молиявӣ бо дараҷаи муайяни фонда; Е) ҳама ҷавобҳо дурустанд.
5. Функцияи менеҷменти молиявӣ, ки аз муайян намудани самтҳои муҳимтарини фаъолияти сармоягузории корхона иборат аст:
А) функцияи идоракунии хатари молиявӣ; В) функцияи идоракунии сармоягузориҳо; С) функцияи идоракунии сармоя; D) функцияи идоракунии селаҳон пулӣ; Е) функцияи идоракунии таваррум.
6. Функцияи менеҷменти молиявӣ, ки аз ошкоркунии талаботи воқеӣ ба навън муайяни актив, вобаста ба самти фаъолияти амалиётӣ иборат аст:

пешина
аз 151
навбатӣ