Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
Субъекти идоракунӣ дар менеҷменти молиявӣ гурӯҳи махсуси одамон (идораи молиявӣ ҳамчун дастгоҳи идоракунӣ, менеҷери молия ҳамчун идоракунанда) мебошад, ки тавассути шаклҳои гуногуни таъсиррасонии идорӣ фаъолияти мақсадноки объектро таъмин мекунад.
Мақсади асосии менеҷменти молиявӣ — таъмини зиёдгардонии боигарии соҳибмулкон (соҳибон)-и корхона, инчунин баланд бардоштани арзиши бозории корхона дар давраи ҷорӣ ва оянда мебошад.
Вазифаҳои менеҷменти молиявӣ:
- таъмини ташаккули ҳаҷми кофии захираҳои молиявии мувофиқ ба вазифаҳои рушди корхона дар давраи оянда;
- таъмини истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ дар самтҳои асосии фаъолияти корхона;
- беҳтар намудани муомилоти пулӣ;
- таъмини зиёдшавии фонди корхона дар ҳоли мавҷудияти сатҳи муайяни таваккал (хатар)-и молиявӣ;
- таъмини коҳиши хатари молиявӣ бо сатҳи муайяни фоида;
- таъмини мувозинати доимии молиявии корхона дар ҷараёни рушди он.
Менеҷменти молиявӣ мақсаду вазифаҳои асосии худро тавассути иҷрои функцияҳои муайян амалӣ менамояд.
Функсияҳои менеҷменти молиявӣ ба ду гурӯҳ ҷудо карда мешаванд:
- функцияҳои менеҷменти молиявӣ, ҳамчун низоми идоракунанда;
- функцияҳои менеҷменти молиявӣ, ҳамчун соҳаи махсуси идоракунии корхона.
Функсияҳои менеҷменти молиявӣ, ҳамчун низоми идоракунанда инҳо мебошанд:
- банақшагирии молиявӣ (буҷетикунӣ);
- ташкили молиявӣ;
- ҳавасмандкунии молиявӣ;
- назорати молиявӣ (контроллинг ё ҳисобгирии идорӣ).
Функсияҳои менеҷменти молиявӣ, ҳамчун соҳаи махсуси идоракунии корхона инҳо мебошанд:
- Идоракунии дороиҳо;
- Идоракунии сармоя;
- Идоракунии сармоягузориҳо;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё