Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

ди раҳмон ҳамонҳое ҳастанд, ки бо оромиш ва бе такаббур бар замин роҳ мераванд ва ҳангоме ки ҷоҳилон ононро мухотаб созанд, ба онҳо салом мегӯянд (ва бо бе эътиноӣ ва бузургворӣ мегузаранд)...” Хулоса, Инсони комил аз дидгоҳи Қуръон, касест, ки ба вазоифи фардӣ ва иҷтимоии худ амал мекунад; ҳам аҳли ибодат аст ва ҳам аҳли хидмат.
Олими Эронӣ Муртазо Мутаҳҳарӣ дар “Ирфони Ҳофиз” тасдиқ менамояд, ки: “Назарияи Инсони комилро аввал бор боз Муҳйиддин (Ибн ал-Арабӣ – Н.Р.) иброз карда, яъне, ин таъбир аз Муҳйиддин аст ва илло маъно аз Муҳйиддин нест.
Баъд аз Муҳйиддин урафои дигаре омаданд ва дар ин замина китоб навиштанд, мисли “Ал-инсон ал- комил”и Насафӣ ва як нафари дигар ҳам “Ал- Инсон ал-комил” навиштааст ва дар таъбирҳои фарангиҳо (аврупоиҳо) ҳам, Инсони комил, абармард ва назоири инҳо, аз ҳамин ҳарфҳои урафо гирифта шуда, вале инсони комили урафо бо инсони комили ҳукамои илоҳӣ ва бо инсони комили уламои имрӯзӣ, он ҳам мактабҳои мухталиф аз замин то осмон фарқ мекунад.
Ин ки маноти(матлаб, мақсад) инсони комил чист ва камоли инсон дар чист, масъалаи хеле ҷолибест, ки ин ҷо бояд мактабҳои мухталифи фалсафӣ (аъам аз илоҳӣ, моддӣ, қадим ва ҷадид) ва ирфонӣ бо ҳам муқоиса шавад ва масъалаи бисёр ҷолибе аз об дармеояд...
Масъалаи дигар, масъалаи ақл ва ишқ дар маърифат аст, ки ин ҷо боз тарафи ихтилофи урафо ҳукамои илоҳӣ ҳастанд.

пешина
аз 53
навбатӣ