Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фирдавси Аъзам кифоят мекунем. “Беҳтарин таърифи инсони комил, таърифест, ки мутафаккири шаҳир Муртазо Мутаҳҳарӣ (олими Эронӣ) ироа додааст..., ки Инсони комил касест, ки “қаҳрамони ҳамаи арзишҳои инсонӣ аст ва дар ҳамаи майдонҳои инсоният, қаҳрамон аст”... ва вуҷуди мубораки ҳазрати Паёмбар (с)ро чун далели ошкор меорад, “ки дар тамомии ҷанбаҳои инсонӣ комил буданд. Он ҷаноб (с) дар майдони ибодат қаҳрамон буданд, дар майдони ҷанг ҳам қаҳрамон буданд, дар майдони оиладорӣ ҳам назире надоранд
1 ва ғайра”.
Фирдавси Аъзам тасдиқ мекунад: “Инсони комил”-и Румӣ, касест, ки халифа ва ҷонишини Худо дар рӯйи замин ба шумор меояд ва воситаи файзи Илоҳӣ ҳам ҳаст ва шарҳи зеринро овардааст:
“1. Инсони комил, халифаи Худованд дар замин аст... ба ин маъно, ки чун Худованд зотест дорандаи сифоти камол ва ба гунаи беинтиҳо, аз ин рӯ, инсони комил, ки ҳамон инсонест ороста ба сифоти камолӣ, дар воқеъ ҷилвае аз ҷилваи Ҳаққро мемонад. Ин ки Худованд ҳазрати Одам (а)-ро халифаи худ дар рӯйи замин медонад ба чӣ маъност?
Халифа яъне ҷонишин ва ноиб, ва ба чӣ касе ноиб мегӯянд? Ноиб касест, ки манубро нишон медиҳад. Мануб яъне касе ки ноиб аз ӯ ҷонишинӣ мекунад. Мавлоно ин мақомро дар дараҷаи аввал азони Паёмбари акрам (с) ва сипас анбиёи илоҳӣ
1 Фирдавси Аъзам (Хӯҷаев). Инсони комил аз дидгоҳи Мавлоно.
– Душанбе, 2010 (аз интернет). (Натиҷаи сӯҳбати муаллиф бо мунаққиди тоҷик Сайидюнуси Истаравшанӣ).

пешина
аз 53
навбатӣ