Зеҳн
ИНСОНИ КОМИЛ ВА АХЛОҚИ ҲАМИДА

Дар ин рисола назарияи Инсони комил аз манзари андешамандони ҷаҳони Ислом, ба вижа, Шайх Азизиддини Насафӣ ва китоби ӯ “Инсони комил” мавриди таҳлил ва баррасии мухтасар қарор мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 53 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

олам аст ва қалби ӯ хазинаи илму ишқи Худовандист.
Роҳи расидани одам ё инсон ба шахсият ё пешвоӣ дар бисёр маврид аз ҷодаи камолот ҷудост, ҳарчанд дар ибтидои роҳ баъзе умумиятҳо ба чашм мерасанд. Баъзан шахсиятҳои маъруф ва пешвоён ҷамъиятро ба сӯи ҷабру зулм ва истисмор мебаранд, ки ин бо роҳи Инсони комил мутлақо зид аст.

ИНСОНИ КОМИЛ КИСТ?

Мо аз таърихи пайдоиши мафҳуми “Инсони комил” ҳаминро таъкид менамоем, ки аз сӯфиён аввалин шуда ба ин масъала Мансури Ҳаллоҷ эътибор дода буд. “Ҳаллоҷ мегӯяд, ки Худо инсонро
1 ба сурати хеш офаридаааст.” “Инсони комил”ро намояндагони макотиби фикрии мухталиф, вобаста ба ҷаҳонбиние, ки нисбати Олам ва Инсон доранд, таърифҳои гуногуне додаанд.
Кист он Инсони комил?
Ба тариқи ҷавоб дар аввал чанд порча аз китоби “Тасаввуф”и олими тоҷик М.Ҳазратқулов меорем:
“...ҳамаи ашё нисбат ба инсон бадан аст ва инсо-
2 ни комил ҷони ҳама ашё ба ҳисоб меравад.” Ҳадафи асосии сӯфия “Инсони комил” аст.
Ба таъбири Азизиддини Насафӣ, “Инсони комил касест, ки ҳам қавлаш, ҳам феълаш ва ҳам
1 М.Ҳазратқулов. Тасаввуф. – С.79.
Ҳамон китоб. – С.80.

пешина
аз 53
навбатӣ